Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ АВЕСТО

ХАТИ АВЕСТО

ХАТИ АВЕСТО, дин-дабира, хати Занд, хатест, ки тақрибан дар асрҳои 3—4 дар асоси хати паҳлавӣ ихтироъ гардида, барои сабти Авесто истифода шудааст. Мувофиқи ривоятҳо ва анъанаи дини зардуштӣ Авесто пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ бо хати заррин рӯи 12000 пӯсти гов навишта шуда будааст. Вале маълум нест, ки Авесто ба кадом навъ хат китобат шуда буд.

avesto
Фақат баъзе порчаҳо аз Авесто ва калимаҳои авестоӣ (масалан аз Пули Дарунтаи наздикии шаҳри Кобул соли 1938 сангнавиште марбут ба номи шоҳи ҳинду Ашока дастрас шудааст) бо хати оромӣ маълуманд. Барқарор кардан ва таҳрирҳои нави Авесто дар замони шоҳи портӣ Валахши 1 (ҳукмронӣ 51—78) эҳтимол ба хати портӣ, км ба хати оромӣ асос ёфта буд, сурат гирифтааст. Хате, ки барои сабти Авесто дар асрҳои 3—4 ихтироъ карда шуд, нисбат ба хати портӣ ва хати паҳлавӣ мукаммалтар мебошад. Дар он 48 ҳарф ва 3 лигатура (ҳарфҳои васлшуда) мавҷуданд. Чунон кимаълум аст, дар он давра забони Авесто матрук буд ва агар матнҳои Авесто ба хати паҳлавӣ сабт мегардид, хондани он басе душвориҳо пеш меовард. Ин хат барои дурусту беғалат хондани авесто ихтироъ карда шуд. Xати Авестоӣ дар замони Сосониён «дин-дабира», яъне хат барои сабти матнҳои динӣ ном гирифтааст. Дар бобати бо «дин-даокра» навишта шудани Авесто Ибни муқаффать ва муаррихи араб Масъуди (миқдори ҳарфҳои Xати Авестоиро 60-то гуфтааст) дар асарҳои худ иттилоъ додаанд.
Қадимтарин нусхаи маълуми дастнависи Авосто бо ин хат соли 1325 китобат шудааст.
Транслитерасияи байиалхалии аломатҳои Xати Авестоӣ ба талаффузи порсҳо мувофиқат мекунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …