Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абибов Амирбек

Абибов Амирбек

АБИБОВ (Ҳабибов) Амирбек (моҳи майи 1916, деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим – 17. 11. 1998, Душанбе), адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1990).
amirbek-habibovХатмкардаи Университети Давлатии Тоҷикистон (1957). Фаъолияти меҳнаткаш аз соли 1932 оғоз ёфтааст. Муаллим, директори мактаби миёна ва нозири маориф (1932 – 43), корманди соҳаҳои Иттифоқҳои касаба ва идораҳои Ҳизби коммунистӣ (1943 – 52), кор­манди ИЗА ба номи Рӯдакӣ ва ҳодими илмии Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон. (1958 – 92).

Аз соли 1992 то охири умр ҳодими пешбари илмии ИЗА. Аз солҳои 60 асри 20 Абибов бо роҳбарии академик А. Мирзоев ба ҷамъоварӣ, тадқик ва нашри осори адибони асрҳои 18 – 19 ва ибтидои асри 20 шурӯъ карда, зиёда аз 400 мақолаву рисолаву монография ба табъ расонда, осори адибони зиёдеро манзури хонандагон кард. Ҷанбаи асосии фаъолияти илмии Абибов таъйини хусусиятҳои адабии доираҳои адабии Бадахшон, Зарафшон, Хатлон, Ҳисор ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон буд.

Вай зимни пажӯҳиш ва тадқиқи сар- чашмаҳои адабӣ – тазкираҳо, баёзҳо, ҷунгҳо тарҷумаи ҳол ва осори шоирони доираҳои адабии Хатлон, Дарвоз, Қаротегинро муайян намуд (маҷмӯаи «Ганҷи парешон», 1984). Моногра­фии «Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ» (1984) ҷамъбасти таҳлилу баррасӣ, изҳори назариёти муаллиф оид ба доираҳои адабии номбаршуда мебошад. Шарҳи ҳол, намунаҳои осо­ри шоирони Ҳисорро дар китоби «Аз ганҷинаи адабии Ҳисор» ҷой дода­аст.

Ин китоб инчунин таҳлилу ибрози андешаҳои муҳақкиқонаи адабиётшиносии Абибовро дар бар мегирад. Абибовро  аз тазкираҳо, баёзҳо, ҷунгҳо маводи зиёде чамъ оварда, китобҳои «Рубо- иёти халқӣ ва китобӣ» (1981), «Баёзи ҷавоҳироти сухан» (1987) ва ғайраро ба табъ расонидааст.

Основание: Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадах­шон, Душанбе, 1971; Ганҷи Бадахшон, Душанбе, 1972; Ганҷи Зарафшон, Душанбе, 1984; Аз ганҷинаи адабии Ҳисор, Душанбе, 1995.            Г. Саъдиева.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …