Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҒУБАЙРО

ҒУБАЙРО

ҒУБАЙРО 1) санавдар. чайтан, четан, чатдал (Sorbus au-cuporia, Aronia melanocarpa ё Sorbus domestica ва г.), якчанд навъ бутта ва дарахти хурдро гуянд (аз оилаи настараниҳо). Ғ. бештар сурх ва сиёҳ мешавад.

ghubayro

Ғ.-и сурх (S’, ausuporia) буттаест, ки то 2 м қад мекашад. Баргаш мураккаб (аз 9—17 баргча иборат), пармонанд. Гулаш сафеди хушбўй, 5-барга (май — июнь мешукуфад). Мевааш мудаввар, зарди норинҷӣ ё сурхи ҷилодор (сент.— окт. мепазад). Ғ.-и худруй дар Қисми европоии СССР, куҳсори Кавказ ва Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон (ниг. Санавдар) меруяд. Меваи он андак турш ва талхча аст. Аммо баъди сармозанӣ ширин ва хуштаъм мешавад. Онро тару тоза ё хушконида истеъмол менамоянд. Меваи Ғ. манбаи витамин (хусусан витамини С, каротин, витаминҳои Р, РР, В, К) буда, аз қадим чун доруӣ низ машҳур аст. Аз давоӣ будани он , табибони Юнони Қадим бохабар буданд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино меваи Ғ. сулфа ва қайро боз медорад, инчунин ба меъдаву руда судманд аст. Табибони халқӣ меваи тару тоза ё шарбати онро чун доруи мусҳил (исҳоловар), пешоброн ва хунбанд, инчунин барои табобати бемориҳои шуш, тарбод, исҳоли хунин (дизентерия) ва ғ. истифода мебаранд. Бо шираи мевааш бавосир ва бо ҷушоби баргаш ширинчаро муолиҷа мекунанд. Дар амали тибби муосир меваи Ғ.-po бештар барои бартараф намудани норасоии витамин (авитаминоз) тавсия медиҳанд.

Ғ.-и сиёҳ (A. melanocarpa) бутта ё дарахти хурдест, ки 0,5—2 м қад мекашад. Гулаш сафед. Мевааш мурудмонанд, сиёҳи ҷилодор, нордон, хуштаъм. Аз ҳар бех дарахти Ғ.-и боғии 40-сола то 100—250 кг мева меғундоранд. Ғ.-и сиёҳро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд.

Мева ва оби он мушаддӣ (ишиҳоовар) аст, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Солҳои охир муайян кардаанд, ки меваи тару тоза ва шираи Ғ.-и сяёҳ ғалаёни хунро суст мекунад- Саноати витамини мамлакатамон аз меваи Ғ. «қурси витаминӣ» (як донааш 50 г) мебарорад, ки барои табобати ғалаёни хун, хунравӣ ва ғ. истифода мебаранд; 2) ҷигда, як навъ дарахтест, ки бо номи санҷид маъмул шудааст.

Ад.: Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; Жизнь растений; т. 5 (2), М., 1981.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …