Маълумоти охирин
Главная / Биология / ГУБАЙРО

ГУБАЙРО

ГУБАЙРО 1) санавдар. чайтан, четан, чатдал (Sorbus au-cuporia, Aronia melanocarpa ё Sorbus domestica ва г.), якчанд навъ бутта ва дарахти хурдро гуянд (аз оилаи настаранихо). Г. бештар сурх ва сиёх мешавад.

ghubayro

Г.-и сурх (S’, ausuporia) буттаест, ки то 2 м кад мекашад. Баргаш мураккаб (аз 9—17 баргча иборат), пармонанд. Гулаш сафеди хушбуй, 5-барга (май — июнь мешукуфад). Мевааш мудаввар, зарди норинчи ё сурхи чилодор (сент.— окт. мепазад). Г.-и худруй дар Кисми европоии СССР, кухсори Кавказ ва Осиёи Миёна, аз чумла Точикистон (ниг. Санавдар) меруяд. Меваи он андак турш ва талхча аст. Аммо баъди сармозани ширин ва хуштаъм мешавад. Онро тару тоза ё хушконида истеъмол менамоянд. Меваи Г. манбаи витамин (хусусан витамини С, каротин, витаминхои Р, РР, В, К) буда, аз кадим чун доруи низ машхур аст. Аз давои будани он , табибони Юнони Кадим бохабар буданд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино меваи Г. сулфа ва кайро боз медорад, инчунин ба меъдаву руда судманд аст. Табибони халки меваи тару тоза ё шарбати онро чун доруи мусхил (исхоловар), пешоброн ва хунбанд, инчунин барои табобати беморихои шуш, тарбод, исхоли хунин (дизентерия) ва г. истифода мебаранд. Бо шираи мевааш бавосир ва бо чушоби баргаш ширинчаро муолича мекунанд. Дар амали тибби муосир меваи Г.-po бештар барои бартараф намудани норасоии витамин (авитаминоз) тавсия медиханд.

Г.-и сиёх (A. melanocarpa) бутта ё дарахти хурдест, ки 0,5—2 м кад мекашад. Гулаш сафед. Мевааш мурудмонанд, сиёхи чилодор, нордон, хуштаъм. Аз хар бех дарахти Г.-и богии 40-сола то 100—250 кг мева мегундоранд. Г.-и сиёхро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд.

Мева ва оби он мушадди (ишихоовар) аст, кори узвхои хозимаро таквият медихад. Солхои охир муайян кардаанд, ки меваи тару тоза ва шираи Г.-и сяёх галаёни хунро суст мекунад- Саноати витамини мамлакатамон аз меваи Г. «курси витамини» (як донааш 50 г) мебарорад, ки барои табобати галаёни хун, хунрави ва г. истифода мебаранд; 2) чигда, як навъ дарахтест, ки бо номи санчид маъмул шудааст.

Ад.: Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; Жизнь растений; т. 5 (2), М., 1981.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …