Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нерӯгоҳи Барқии Обии НОРАК

Нерӯгоҳи Барқии Обии НОРАК

ges-norak1

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ НОРАК, яке аз калонтарин истгоҳҳои барқии СССР буда, дар дарёи Вахш дар тангнои Пули Сангин, наздики шаҳри Норак солҳои 1961—79 сохта шудааст. Иқтидори умумиаш 2700 МВт буда, соле 11,4 млрд кВт с қувваи электр медиҳад. Дар бинои станция 9 агрегат гузошта шудааст; иқтидори ҳар кадомаш 300 ҳазор кВт.

ges-norak2

Гидроузели Стансияи электрии обии Норак аз сарбанд (баландиаш 300 м, баландтарин дар дунё), комплекси иншооти обқабулкунию обпарто, бинои мошинҳо ва бинои худи станция иборат аст. Дар натиҷаи бастани маҷрои дарёи Вахш ва сохта шудани сарбанд обанбори Норак («Баҳри Норак», дарозиаш 70 км, ҳаҷмаш 10,5 млрд м3) ба вуҷуд омад. Захираи бузурги оби обанбори Норак дар солҳои камобӣ барои мӯътадил гардонидани ниэоми оби дарёҳои Вахш, Аму ва каналҳои ба он алоқаманди Қайроққуму Амубухор, обёрӣ намудани қариб 1 млн га заминҳои ташналаби Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон имкон медиҳад. Қувваи электри ҳосилкардаи станция ба системаи энергетикаи Осиёи Миёна ҳамроҳ мешавад.

Ҳ. Дӯстов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …