СИСТЕМАИ ГЕЛИОСЕНТРИИ ОЛАМ, таълимотест, ки мувофиқи он Замин ба монанди дигар сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва меҳваро худ давр мезанад. Бунёди Системаи гелиосентрии олам, ки он дар инкишофи илмҳои табиатшиносӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт, ба давраи Эҳё рост меояд. Асари барҷастаи Н. Коперник «Дар бораи гардишҳои сфераҳои, осмонӣ ки дар он Системаи гелиосентрии олам таъриф шудааст, соли 1543 ба табъ расид ва аз ҳамон вақт инҷониб дар илми табиатшиносӣ давраи нав оғоз ёфт; Мувофиқи Системаи гелиосентрии олами Коперник Замин ҳамроҳи дигар сайёраҳо дар атрофи Офтоб, ки он ҷисми марказии систсмаи сайёравӣ ба ҳисоб меравад, давр мезанад. Таълимоти Коперник ба антропосентризм зарбаи сахт зад. Яке аз давомдиҳандагони таълимоти Коперпик Ҷ. Бруно буд, ки ӯ ақидаи аз ҷиҳати материалистӣ дурустро дар бораи беинтиҳоии Коинот, мавҷудияти шумораи беохири оламҳои ба Системаи офтобӣ монанд ва ғайра пеш гузошт. Дар охири асри 16 байни пайравони таълимоти Коперник ва ифодакунандагони ғояҳои геосентрӣ (нигаред Системаи геосентрии олам), ки онро калисои насронӣ тарафдорӣ мекард, муборизаи шадид сурат гирифт. Бруно аз тарафи инквизатсияи Рим ба бидъат гунаҳгор эълон карда шуд. Ӯро дар гулхан сӯзонданд. Кашфиётҳои илмии Г. Галилей барои Системаи гелиосентрии олам таҳкурсии физикӣ шуданд. Мушоҳидаҳои бо телескоп гузаронидаи Галилей исбот карданд, ки Офтоб яке аз ситораҳои бешумори Коинот мебошад. Баъди кашфиётҳои асрҳои 16—17 масъалаи дар Коинот ҷисми марказӣ будани Замин ë Офтоб аз миён бардошта шуд. Баъд аз муфассал омӯхта шудани сохти системаи Офтоб, дар охири асри 18 ба тадқиқи Галактика ва дар асри 20 ба тадқиқи Метагалактика ибтидо гузошта шуд.
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …