Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФОҶИА ДАР АРКИ БУХОРО

ФОҶИА ДАР АРКИ БУХОРО

ФОҶИА ДАР АРКИ БУХОРО, аз тарафи амир қатл карда шудани вакилони ҷавонбухориён ва болшевикони Совети Туркистон (2—10 марти 1918). Пас аз барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар Туркистон амири Бухоро барои дар маҳалҳои руснишини аморат ба амал баровардани тадбирҳои инқилобӣ монеъ шуд ва ба сафирони совети эътибор надод. 2—3 марти 1918 сарбозони амир дар задухӯрд бо қӯшунҳои Туркистони Советӣ мағлуб гаштанд. Бо мақсади гуфтушунид бо амир Совети шаҳри Когон бо сардории раиси он В. П. Уткин дар ҳайати 22 нафар ба Бухоро 4 март вакил фиристод. Амир ба вакилони советӣ дар арк, дар ҳавлии қушбегӣ зиёфат дод ва мақсади вакилонро фаҳмида, бо фиреб онҳоро ба таҳхонаи қушбегӣ бурда маҳкам кард. Пеш аз ба таҳхона рафтан 3 нафар вакилон аз нияти амир пай бурда, худро ба боми арк гирифтанд. Ҳангоми тирпарронӣ, ки тамоми шаб давом кард, 1 нафар вакил ҳалок гардид, 2 нафар бо машаққати зиёд ба Когон гурехта, аз фоҷиа хабар доданд. Маҳбусони таҳхона низ аз равзанҳо тир мепарронданд, вале сарбозони амир боми таҳхонаро сӯрох карда, ба сари вакилон 300 саноч оби хунук ва 10 пуд тезоб (кислота) рехтанд. Баъди нӯҳ рӯз дари таҳхонаро кушода ҷасади вакилонро ба гӯристони беруни шаҳр бароварда партофтанд. Дар байни ҳалокшудагон В. П. Уткин, Алиев, Қосим Галимханов (комиссари ҳарбии вилояти Самарқанд), болшевик Пендо (комиссари алоқаи ҳарбии вилояти Самарқанд), болшевнк Абдураҳмонов, А. П. Телянс, Маҳдиев, Абдуллои лазгин, Муҳаммад Мамадов, Гаҷиев ва дигарон буданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …