Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ

СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ

СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ, маҷмӯи чорабиниҳоеро гӯянд, ки давлат барои ғун намудани захираҳои молиявӣ ва тақсиму истифодаи онҳо меандешад. Сиëсати молиявӣ соҳаи муҳими сиёсати ӣқтисодӣ буда, характер, моҳияти иҷтимоӣ ва доираи таъсири он ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии ҷамъият, ба қонунҳои объективии инкишофи иқтисодӣ ва сохти ҷамъиятию сиёсии мамлакатҳо вобаста аст. Сиëсати молиявӣ ба воситаи системаи муайяни шаклу методҳо ба амал оварда мешавад, ки дар байни онҳо даромаду хароҷоти давлатӣ, бюҷети давлатӣ, сиёсати андоз, кредити давлатӣ ва назорати молиявӣ аҳамияти хос доранд. Ба маън ои васеъ Сиëсати молиявӣ танзими муносибатҳои кредитию пулиро низ дар бар мегирад. Сиëсати молиявӣ  дар мамлакатҳои капиталистӣ зиддиятҳои антагонистии синфиро ифода намуда, барои муҳофизату афзун намудани моликияти капиталистӣ ва пурзур кардани истисмори меҳнаткашон хизмат мекунад.

Дар мамлакатҳои тараққикунандае (Алҷазоир, Бирма ва ғайра), ки дигаргуниҳои прогрессивии иҷтимоию иқтисодӣ ба амал меоянд, Сиëсати молиявӣ барои таъмини истиқлолияти иқтисодӣ ва инкишофи иқтисодиёти миллӣ, зиёд намудани манбаъҳои молиявии прогресси иҷтимоию иқтисодӣ истифода мешавад. Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ моҳияти Сиëсати молиявӣ комилан дигар аст. Дар просесси такрор истеҳсоли васеи сотсиалистӣ ташкили плании молия вазифаи Сиëсати молиявӣ аст, ки ба талаботҳои ба миёномадаи инкишофи ҷамъият, имкониятҳои реалии таъминоти молиявии онҳо, вазъияти дохилию берунӣ мувофиқат мекунад.

КПСС вазифаҳои Сиëсати молиявиро дар асоси баинобатгирии қонуниятҳои объективӣ ва хусусияти давраҳои мухталифи инкишофи ҷамъияти советӣ муайян мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …