Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ФЕОДОСИЯ

Шаҳри ФЕОДОСИЯ

ФЕОДОСИЯ, шаҳр дар вилояти Қрими РССУ. Бандар дар соҳили баҳри Сиёҳ, стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 79 ҳазор нафар (1982). Яке аз марказҳои курортии Қрим. Воситаҳои табобаташ — иқлим, оббозӣ дар баҳр, оби нӯшокии чашмаи минералии «Феодосия», лойқаи Аҷикӯл. Дар Феодосия асосан иллати узвҳои ҳозима, нафаскашӣ, рагҳои хунгард ва системаи асабро табобат мекунанд.

ua11
Дар шаҳр заводҳои механикӣ, шир, фабрикаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, музей, нигористони суратҳои ба номи И. К. Айвазовский мавҷуданд.
Дар қисми кӯҳнаи шаҳр ёдгориҳои меъмории асрҳои 14—15, масҷиди Муфтии Ҷомӣ, (асри 17) боқӣ мондаанд. Феодосия бо ордени Ҷанги ватанӣ дараҷаи 1-ум мукофотонида шудааст (1982).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …