Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАТАЛИЗМ

ФАТАЛИЗМ

ФАТАЛИЗМ (аз лотинӣ fatalis — сарнавишт, тақдир), ҷаҳонбиниест, ки падидаҳои табиат ва ҳодисоти ҷамъиятро ба тақдир ва сарнавишт вобаста намуда, ҳама гуна тасодуф ва озодиро дар ҷараёни фаъолияти инсон рад мекунад. Аввал фатализм дар тасаввуроти асотирӣ пайдо шуда, инсонро мутеи ҳодисоти табиат ва қувваҳои фавқуттабиӣ медонист. Баъди ташаккули динҳои расмии ҷаҳонӣ фатализми теологӣ ба вуҷуд омад, ки он ҳастии олами воқеиро ба иродаи илоҳӣ вобаста менамуд. Масалан, мувофиқи таълимоти динӣ ислом тағйироти табиату ҷамъият бо хости худо ба амал омада, фаъолияти инсон ба тақдири у вобаста аст. Аз ин рӯ, ба диндорон илқо карда мешавад, ки сарнавишти онҳоро худо муқаррар кардааст ва онҳо берун аз хости худо пой ниҳода наметавонанд. Маҳз аз ҳамин сабаб К. Маркс гуфта буд, ки «фатализм меҳвари дини ислом аст» (Маркс К. и Энгелс Фатализм, Сочинение, том 9, стр. 427).
Фатализмро ҷабария тарафдорӣ мекард. Қадария бошад, озодии иродаро тарғиб намуда инсонро дар фаъолияташ озод мешуморид. Марксизм моҳияти синфии фатализмро нишон дода, зимни просесси қонунии инкишофи ҷамъият ва дарки қонуниятҳои объективии он решаҳои таърихии ҷаҳонбинии фаталистиро барҳам медиҳад.
Д. Xушқадамов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …