Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФАРОМУРЗНОМА»

«ФАРОМУРЗНОМА»

«ФАРОМУРЗНОМА» манзумаи ҳамосиест дар ҳудуди 1500 байт, ки тақрибан охири асри 11—аввали асри 12 аз тарафи муаллифи номаълуме навишта шуда, достонеро аз қаҳрамониҳои Фаромурз — писари Рустам дар бар мегирад. Мазмуни мухтасараш ин аст: Рӯзе паҳлавонон Рустам, Гев, Гударз, Тус, Фарибурз ва дигарон дар дарбор нишаста буданд, ки аз назди шоҳи Ҳинд расуле бо номае расид. Дар нома шоҳи Ҳинд аз Кайковус дархост мекард, ки паҳлавонеро ба назди вай барои ёрӣ бифиристад. Аз паҳлавонон Фаромурз бархоста, майли ба Ҳиндустон рафтан кард. Фаромурз душманони шоҳи Ҳиндустон ва ҷонвари азим (аждаҳо)-еро несту нобуд кард ва ба Эрон бозгашт.
Оид ба «Фаромурзнома» дар «Таърихи Систон», «Муҷмал-ут-таворих» (муаллифаш номаълум), як қасидаи Фаррухии Систонӣ (лаҳзаи ҷанги Фаромурз бо аждаҳо) ва дигар ҷойҳо ишора шудааст. Ривоятҳои дигар дар бораи Фаромурз дар достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Барзунома», «Баҳманнома» (саргузашти писари Исфандиёр), «Ҷаҳонгирнома» ва ғайра оварда шудаанд.
Нусхаҳои хаттии «Фаромурзнома» дар Китобхонаи миллии Париж ва Музеи Британия маҳфузанд.
Адабиёт:
М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …