Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭВКОММИЯ

ЭВКОММИЯ

evkommiya

ЭВКОММИЯ (Eucommia ulmoi-des), як навъ дарахти паҳнбарги хазонрезест (аз оилаи эвкоммиҳо). То 20 м қад мекашад. Э.-и худруй дар Хитой месабзад. Онро дар Хитой, Европа, Африкаи Шимолӣ, Америка, СССР (асосан дар кишв. Краснодар, Молдавия, Кавказ, ҷан. Осиёи Миёна) мепарваранд. Э. растании гармипарвард буда, дар водиҳои Тоҷикистон хуб нашъунамо мекунад. Дар СССР Э.-ро асосан барои гуттаперча мепарваранд; барги сабзи он 2—3% (аз рӯи вазни хушк), хазонаш 5%, пустлохи танаву шохаш то 6%, пустлохи решааш 8— 10% ва мевапардааш то 14% гуттаперча дорад. Э.-ро аз қадим барои муолиҷаи бемориҳои гуногуни дарунӣ, шикастабандӣ ва чун доруи мукаввӣ истифода мебурданд. Дар тиб ҷушоб, ҷавҳар ва қиёмеро, ки Шохчан аз пустлохи Э. тайёр кардаанд, барои одамони гирифтори ғалаёни хун (гипертония) тавсия медиҳанд. Э.-ро чун растании сояафкану зебо низ мепарваранд.

Ад.: Калаитырь М. С.. Исследования по разведению и выращиванию эвкомии в СССР, дар кит.: Лесоводство и агролесомелиорация, М..1959; Культурные растения СССР. М.. 1973.

А. Мадаминов, В. С. Родионенко.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …