Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / ЭВКОММИЯ

ЭВКОММИЯ

evkommiya

ЭВКОММИЯ (Eucommia ulmoi-des), як навъ дарахти пахнбарги хазонрезест (аз оилаи эвкоммихо). То 20 м кад мекашад. Э.-и худруй дар Хитой месабзад. Онро дар Хитой, Европа, Африкаи Шимоли, Америка, СССР (асосан дар кишв. Краснодар, Молдавия, Кавказ, чан. Осиёи Миёна) мепарваранд. Э. растании гармипарвард буда, дар водихои Точикистон хуб нашъунамо мекунад. Дар СССР Э.-ро асосан барои гуттаперча мепарваранд; барги сабзи он 2—3% (аз руи вазни хушк), хазонаш 5%, пустлохи танаву шохаш то 6%, пустлохи решааш 8— 10% ва мевапардааш то 14% гуттаперча дорад. Э.-ро аз кадим барои муоличаи беморихои гуногуни даруни, шикастабанди ва чун доруи мукавви истифода мебурданд. Дар тиб чушоб, чавхар ва киёмеро, ки Шохчан аз пустлохи Э. тайёр кардаанд, барои одамони гирифтори галаёни хун (гипертония) тавсия медиханд. Э.-ро чун растании сояафкану зебо низ мепарваранд.

Ад.: Калаитырь М. С.. Исследования по разведению и выращиванию эвкомии в СССР, дар кит.: Лесоводство и агролесомелиорация, М..1959; Культурные растения СССР. М.. 1973.

А. Мадаминов, В. С. Родионенко.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …