Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭТНОГРАФИЯ

ЭТНОГРАФИЯ

ЭТНОГРАФИЯ (аз юн. ethnos — қабила, халқ ва …графил), фанни ҷамъиятист, ки халқҳою гуруҳҳои этникӣ, таърихӣ пайдоиши онҳо (этногенез), тарзи зиндагӣ ва муносибатҳои таърихию мадании онҳоро меомузад. Э. ҳамчун илм дар а. 19 ба вууд омадааст.

etnografy

Ғалабаи Рев. Октябрь дар инкишофи минбаъдаи Э. саҳифаи нав кушод. Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ дар Ленинград ва Москва барои тадқиқи ҳаматарафаи Э. марказҳои калони илмӣ (мас., с. 1917 Комиссия оид ба омузиши ҳайати этникии халқҳои Россия ва мамлакатҳои ҳамсоя, с, 1930 дар заминаи он Ин-ти омузиши халқҳои СССР ташкил шуд), с. 1926 ж. «Этнография» (аз 1931 «Советская этнография») таъсис ёфтанд, ки онҳо аҳамияти калони илмӣ доштанд. С. 1933 дар Ленинград Ин-ти антропология, археология ва этнография ташкил шуд, ки он с. 1937 ба Ин-ти этнографияи АФ СССР табдил ёфт.

Нашри асарҳои калонҳаҷм, аз ҷумла «Народы мира» («Халқҳои ҷаҳон», 13 д., 18 китоб, зери таҳрири С, П. Толстов), «Очерки общей этнографии» («Очеркҳои этнографияи умумӣ», ҷ. 1—5, 1957—69) яке аз корҳои ҷамъбастии этнографҳои советӣ мебошад.

Дар Иттифоқи Советӣ Ин-ти этнографияи АФ СССР ба номи Н. Н. Миклухо-Маклай, ун-тҳо, музейҳо тадқиқоти илмии этнографӣ мебаранд. С. 1948 дар ЮНЕСКО Иттифоқи байналхалқии антропологҳо ва этнографҳо таъсис ёфт.

Инкишофи Э. дар Тоҷикистон. Маълумотҳои қадими этнографӣ доир ба аҷдоди тоҷикон дар осори муаррихони юнонию хитоӣ ва «Ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ» дучор меоянд. Баъди ташкили давлати Сомониён ва ҳамчун халқият ташаккул ёфтани тоҷикон (а. 10) роҷеъ ба этногенез, тарзи зиндагӣ, ҳаёти моддию маънавии онҳо материалҳои фаровон гирд оварда шуданд. Дар а-ҳои 9—10 асарҳои Абубакри Наршахӣ («Таърихи Бухоро»), «Ҳудуд-ул-Олам», Абулқосим Фирдавсӣ («Шоҳнома»), Абуалии Сино («Ал-Қонун фи-т-тибб»), Табарӣ, Балозурӣ, Истахрӣ, Ибни Ҳавқал, Муқаддасӣ, Яъқубӣ таълиф гардиданд, ки дар онҳо маълумотҳои этнографӣ доир ба тоҷикон хеле зиёданд.

Дар а-ҳои 11—12 Абурайҳони Берунӣ («Осор-ул-боқия»), Абулфазли Байҳақӣ» («Таърихи Масъудӣ»), Носири Хисрав («Сафарнома»), Умари Хайём («Наврузнома») доир ба маданияти моддӣ (иқоматгоҳ, сару либос, хурок), муносибатҳои оилавӣ, урфу одат, идҳои халқӣ (Меҳргон, Сада, Наврӯз) ва ғ. маълумотҳои зиёд додаанд.

Материалҳои фаровони этнографӣ дар аҳди Темуриён (а-ҳои 14—15) бештар ба назар мерасанд. Аз осори ин давра асарҳои Ҳофизи Абрӯ («Зубдат-ут-таворих»), Абдурраззоқи Самарқандӣ («Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн»), Абуисҳоқи Атъима («Канз-ул-иштиҳо», «Муазаффар ва Буғро», «Моҷарои биринҷ ва угро») ва ғ. бештар ҷолиби диққатанд.

Дар а-ҳои 16—18 як қатор муаррихон, шоирону нависандагони маҳаллӣ (Бобур, Восифӣ, Ҳофизи Таниши Бухороӣ, Сайидои Насафӣ) ва сайёдони европоӣ (А. Ҷенкинсон, Ф. Беневени, Ф, Ефремов, И. Хохлов) дар осору хотираҳои худ машғулият (деҳқонӣ, ҳунармандӣ), урфу одат, тарзи зиндагӣ, маданияти моддӣ ва маънавиро васеъ тасвир намудаанд. Дар ин давра муносибатҳои тиҷоратии Осиёи Миёна ва Россия ривоҷ ёфтанд. Танҳо дар а. 17 аз амирони Бухоро ба Россия 16 сафорат, аз Москва ба Бухоро 5 сафорат фиристода шуданд. Сафирони рус ба ғайр аз муқаррар намудани алоқаҳои тиҷоратӣ, инчунин ба гирдоварии материалҳо доир ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, маданияти моддию маънавии аҳолии ин сарзамин, аз ҷумла тоҷикон машғул шуданд.

Дар ох. а. 18— ибт, а. 19 сайёҳон (И. Муравил, Т. С. Бурпашев ва диг.) асарҳои характери этнографӣ дошта навиштанд.

Баъди ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна омузиши мунтазам ва ҳаматарафаи ин кишвар cap шуд. С-ҳои 70—80 а. 19 олимони рус доир ба этнографияи халқҳои Осиёи Миёна (ҳайати этникӣ, антропология, табиат, иқоматгоҳ, муносибатҳои оилавӣ, асбоби рӯзгор, деҳқонӣ, ҳунармандӣ ва ғ.) материалҳо гирд оварданд. С. 1870 дар Самарқанд, Бухорои Шарқӣ ва водии Фарғона экспедицияҳои этнографӣ ташкил карда шуданд.

Тадқиқи илмии этнографияи Тоҷикистон танҳо баъди ғалабаи Рев. Каб. Соц. Октябрь оғоз ёфт. С. 1921 як гуруҳ этнографҳо бо сардории М. С. Андреев дар вил. Самарқанд оид ба маросимҳои динии тоҷикону узбекҳо маълумотҳои муҳим гирд оварданд.

Тадқиқоти бевоситаи этнографӣ с. 1934 аз тарафи кормандони сектори таъриху забоншиносии Базаи тоҷикистонии АФ СССР оғоз ёфт. Сектор экспедицияҳо ташкил намуд, ки дар онҳо олимон М. С. Андреев, К. А. Кисляков, Е. М. Пещерева иштирок карданд.

Этнографҳои Тоҷикистон аз с. 1948 ба таҳқиқи ҳаматарафаи этнографии тамоми ҳудуди республика шуруъ карданд. Аз руи программаи ягона омухтани аҳолии республика имконият дод, ки доир ба маданият ва тарзи зиндагии онҳо маълумоти муҳим гирд оварда, умуммит ва хусусиятҳои фарқкунандаи тоҷикони ноҳияҳои куҳистону водианид, сарҳадҳои ноҳияҳои этнографӣ муайян карда шаванд. С-ҳои 1948—49 районҳои вил. Кулоб, минбаъд Қаротегину Дарвоз (1952—57), болооби Зарафшон (1958—61), ҷои ГЭС-и Норак (1963—66, 1969) тадқиқ карда шуданд. Дар натиҷа як қатор асардҳи калонҳаҷми «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз» (3 китоб), «Маданияти моддии тоҷикони болооби Зарафшон» ва ғ. нашр гардиданд.

Аз с. 1959 этнографҳои Тоҷикистон якҷоя бо ходимони илмии Ин-ти этнографии ба номи И. Н. Миклухо-Маклаи АФ СССР «Атласи таърихию этнографии Осиёи Миёнаю Қазоқистон», харитаҳои маҳалҳои паҳншавии намудҳои гуногуни маданияти моддӣ ва маънавии тоҷиконро тартиб медиҳанд. Онҳо инчунин дар мавзӯи «Оид ба таърихи ташаккул ёфтани аҳолии Тоҷикистон ва гуруҳҳои эронии берун аз ҳудуди он, маданият ва тарзи зиндагии гуруҳҳои алоҳидаи тоҷикон-яғнобҳо, тоҷикони Варзоб, Қаратоғ, Файзобод тадқиқоти илмӣ мебаранд. Аз тарафи кормандони сектори этнография ва таърихи маданият як қатор монографияҳо альбомҳо, ба монанди «Деҳқонии  тоҷикони ҳавзаи д. Хингоб дар давраи тореволюционӣ» (М. Раҳимов, 1957), «Маданияти моддӣ» мастчоҳиён то ва баъди ба заминҳои навкорам муҳоҷир шудани онҳо» (М. А. Ҳомидҷонова, 1965), «Хоҷагии қишлоқи тоҷикони райони Ленинободи РСС Тоҷикистон то Революцияи Октябрь» (Н. Н. Ершов, 1966), «Альбоми либоси халқии тоҷикон» (Н. Н. Ершов ва 3. А. Широкова, 1968), «Деҳа ва иқоматгоҳи тоҷикони болооби Зарафшон» (А. Давидов, 1970), «Либоси занони тоҷики куҳистони Тоҷикистон» (3. А. Широкова, 1971), «Никоҳ ва туй» аҳолии Хуҷанд дар давраи нав» (X. Р. Эшонқулов, 1972), «Деҳқонии тоҷикони Вахон ва Ишкошим (ғарби Помир) дар а. XIX— ибтидои а. XX» (Очерки таърихию этнографӣ, И. Муҳиддинов, 1975) нашр шуданд.

Этнографҳо (А. К. Писарчик) архиви М. С. Андреевро ба нашр тайёр карда истодаанд. То имрӯз «Тоҷикони водии Хуф» (иборат аз ду китоб), «Материалҳо доир ба этнографияи Яғноб», «Арки Бухоро» барин асарҳои М. С. Андреев нашр шуданд. Дар УДТ (М. Р. Раҳимов) ва Ин-ти давлатии педагогии Ленинобод (Н. О. Турсунов, У. Ҷаҳонов) низ тадқиқоти илмӣ бурда мешавад. Сектори этнографияи Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ., УДТ, Музейи республикавии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ, музейҳои вил-ҳои Ленинобод, Кулоб ва Хоруғ ба гирдоварии коллекцияҳои этнографӣ машғуланд.

Ад.: Поляков С. П., Историческая этнография Средней Азии и Казахстана, М., 1980.    А. Валиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …