ЭМБРИОГЕНЕЗ, инкишофи ҷанин, инкишофи организми ҳайвонотро гуянд, ки дар тухм (берун аз организми модар ё андаруни он) ба амал меояд. Бордоршавӣ ибтидои Э. буда, дар организми модар, дар оби бачадон ба амал меояд.
Давраҳои инкишофи тадриҷии ҷанини моҳӣ (А), чуҷа (Б), хук (В), одам (Г).
Баъди бордоршавӣ тухм тадриҷан ба ҳуҷайраҳои калон ва минбаъд ба ҳуҷайраҳои хурд (бластомерҳо) тақсим мешавад. Ҳуҷайраҳои аз қисмҳои гуногуни тухм бавуҷудомада (цитоплазмаи мухталиф доранд) қобилияти муттаҳаррикӣ пайдо менамоянд, ки ин боиси ташаккули узвҳои организми оянда мешавад. Ҷаниин ҳайвоноти гуногун дар аввал ба ҳамдигар монанданд.