САРИНАЙ, деҳаест дар Совети қишлоқ ба номи М. Шогадоеви райони Ғарми Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Абдуллокомандир. Аз Саринай то маркази Совети қишлоқ километр 8, то район 67 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 390 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ, боғдорӣ ва картошкакорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …