Маълумоти охирин

ЧУҚОЛА

chukola

ЧУҚОЛА, чоқала, чоқла, шохала, шоқала (Inula grandis), гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, аз 35 см то 2 м қад мекашад, баргаш калон (дарозиаш 21—61 см, бараш 11— 24 см), чарммонанд, дарозрӯя, байзашакл (дар бехи поя паиҳам ҷойгир аст), гулаш зард, хӯшагулаш «сабадак». Моҳҳои июнь — сент. гул мекунад. Дар нишебиҳо ва мавзеи санглохи кӯҳҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон (950—2500 м аз с. б.) мерӯяд. Навдаву пояи нави Чуқоларо тоҷикон чун сабзавот мехўранд. Дар тибби халқӣ решаву решапояи онро барои муолиҷаи иллати узвҳои ҳозима, сили устухон, пайванда к, заъфарма, обхӯра, бавосир, қабзияти роҳи нафас, пояашро хангоми бемории сил тавсяя медиҳанд. Дар тибби муосир решаи Чуқоларо, ки аввали баҳор ё тирамоҳ мекобанд, чун доруи балғамовар, инчунин талхаву пешоброн истифода мебаранд.

Решаи Чуқола 13—27% инунин, 0,01% равғани эфир, ба миқдори зиёд зифт, баргаш витамини С (44,9 мг%) дорад. Решаи онро дар истеҳсоли спирт истифода кардан мумкин аст. Бо ҷавҳаре, ки аз решаи Чуқола гирифта шудааст, шоҳиро ранги гуногун медиҳанд.

М. Саидов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …