Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Баҳри ЧУКОТ

Баҳри ЧУКОТ

chukot-sea

ЧУКОТ (баҳри Чукот), баҳри канории уқ. Яхбастаи Шимолиро гўянд, ки дар наздикии соҳилҳои Осиё ва Америкаи Шимолӣ воқеъ аст. Чукот соҳилҳои шимолии нимҷаз, Чукот. ва соҳилҳои шим. ғарбии Аляскаро иҳота мекунад. Ба воситаи гул. Беринг бо уқ. Ором ва гул. Лонг бо б. Сибири Шарқӣ пайваст аст. Масоҳ. 595 ҳаз. км2, ҳаҷми об 45,4 ҳаз. км3, чуқуриаш то 1256 м. Халиҷҳои калони Чукот: Коцебу, халиҷаки Колючин; ҷазираҳояш Врангель, Геральд ва Колючий. Чукот ба системаи роҳҳои баҳрии Шимолӣ дохил мешавад. Аз баҳр тюлень, нерпа шикор мекунанд. Бандари калонтарини Чукот— посёлкаи Уэлен (дар нимҷаз. Чукот).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …