Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОЙИ МУРОД

ЧОЙИ МУРОД

ЧОЙИ МУРОД, муродчой (Al-chemilla hissarica), гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи настаранҳо. 10—30 см қад мекашад. Баргаш гурдашакл ва дарозрӯя, 3—9-парра (бараш 1—5 см), дандонадор. Хӯшагулаш туғшакл (аз 5—9 қуббачаҳои сергул иборат аст); гулаш майда, сабзи зардтоб (моҳҳи июнь — авг. гул карда тухм мебандад).

choyi-murod

Гиёҳи хоси Помиру Олой аст. Дар Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисору Дарвоз; 2000—3500 м аз с. б.).асосан дар минтақаи ҷангалзори

паҳнбарг, арчазор, дашт, инчунии ҷойҳои серрутубату шнбарзамин, лаб-лаби ҷӯйҳо ва ғ. мерӯяд.

Чойи мурод гиёҳи доруист. Аз рӯи тавсияи табибони халқӣ ҳангоми обхӯра, камхунӣ, исҳол ва ғ. аз баргу гул ва решаи он чой дам карда менӯшанд.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …