Маълумоти охирин

ЧОРШОХАТЕППА

ЧОРШОХАТЕППА, ёдгории археологии мансуб ба асрҳои 5—в, ки 2 км шимолтари деҳаи Шахристони раёни Уротеппаи вил. Ленинобод воқест. Онро бостоншиносони Экспедицияи археологии комплексии шим. Тоҷикистон солҳои 1967—66 кашф ва тадқиқ карданд. Тадқиқот маълум кард ки Чоршохатеппа  «манораи сукунат» будааст. Чоршохатеппа дар болои теппаи табиӣ бо похса сохта шудааст. Азбаски мувофиқи таълимоти зардуштия замин, оташ, об муқаддасу гӯшти одам пас аз фавт мурдор ҳисобида мешуд, барои ҳаром накардани ин се чизи муқаддас ҷасадро муддати як сол дар рўи фарши сангӣ ё оҷурии дохили «манораи сукунат» нигоҳ медоштанд. Дар ин муддат лошахурҳо гӯшти онро хӯрда, офтобу барфу борон устухонҳоро сафед мекарданд. Баъд устухонҳоро чида, ба устадонҳо меандохтанд ва ба рӯи новусҳо мегузоштанд. Чунин устадонҳо дар Зартеппаи назди Шаҳристон ва назди обанбори Каттасой (Уротеппа) ёфт шудаанд. Чоршохатеппа нахустин «манораи сукунат» аст, ки дар ҳудади Тоҷикистон ёфт шудааст.Дар зери «манораи сукунат» осори бошишгоҳи чаҳоряки сеюми ҳазораи 2 то м. кашф гардид, ки он аз бист чағораи ғалланигаҳдорӣ ва як чуқурии истиқоматӣ иборат аст. Аз онҳо зарфҳои сафолӣ, корди досмонанди биринҷӣ, ярмасанг, донаҳои пӯсидаи арзан, устухони ҳайвоноти хонагӣ ёфт шудаанд.

Ў, Пулодов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …