Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЧОРҶЎЙ

Вилояти ЧОРҶЎЙ

ЧОРҶЎЙ, вилоятест дар ҳайати РСС Туркманистон 14 дек. 1970 ташкил шудааст. Дар шим. шарқи РСС Туркманистон  воқест. Масоҳ. 93,8 ҳаз. км. Аҳолиаш 652 ҳаз. наф. (1964), аҳолии шаҳрӣ 46%. Вилоят 12 район, 2 шаҳр ва 21 птш дорад. Марказаш ш. Чорҷӯй. Қисми зиёди вилоятро биёбони Қароқум ишғол мекунад; дар канори ҷан. шарқ шохаҳои қ-к ӯҳҳои Ҳисор воқеанд. Ҳарор. миёнаи янв. —4С, июль 28С. Боришоти солона 100—200 мм. Дарёи каловаш Аму. Газ, сулфур истихроҷ мекунанд. Саноати химия, сабук, хурокворӣ, тараққӣ кардааст. Зироати асосии х. қ.— пахта. Ғалладона, сабзавоту зироатҳои полизӣ ҳам кишт мекунанд. Чорводорӣ (парвариши гӯсфандҳои қарокӯлӣ), кирмакдорӣ тараққӣ кардааст. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1974).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …