Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ЧОРҶӮӢ

Шаҳри ЧОРҶӮӢ

ЧОРҶӮӢ, шаҳр, маркази вил. Чорҷӯи РСС Туркманистон. Дар соҳили чапи д. Аму воқеъ аст. Узели калони р. о., бандари дарёӣ. Аҳолиаш 155 ҳаз. наф. (1964). Корхонаҳои саноатиаш: комб-и абрешим, ф-каҳои пашмресию бофандагӣ, трикотаж, дӯзандагӣ, пойафзол, заводҳои пӯсти қарокӯлӣ, пахтатозакунӣ, комб-и гӯшт, заводҳои шир, ширинбия, з-дҳои суперфосфат, ф-каи мебел ва заводи масолеҳи бинокорӣ. Ин-ти педагогӣ, техникумҳои бофандагӣ, дарёнавардӣ ва х. қ. омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва мусиқӣ, музеи таъриху кишваршиносӣ, Ст. таҷрибавии кирмакдории Туркменистон ва ст. таҷрибавии мелиоративӣ мавҷуданд. Шаҳр дар а. 4 то м. дар замони юришҳои Искандари Мақдунӣ ба вуҷуд омада, бо номи Омул маълум буд. Дар аҳди Темуриён Чорҷўӣ ном гирифт. Солҳои 1939— 63 ва аз 1970 маркази вилоят.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …