Маълумоти охирин

«ЧОР ДАРВЁШ»

chor-darvesh

«ЧОР ДАРВЁШ» асари мансурест, ки муаллифи номаълуме дар ох. а. 19 ба шакли қисса андар қисса мураттаб кардааст. Аз муқаддима, панҷ қисмат (саргузашти чор дарвеш ва малики Рум — Озодбахт) ва хотама иборат аст. Мазмуни мухтасараш чунин аст: Озодбахт фарзанд надошт, ки соҳиби тахту тоҷи ӯ бошад. Боре барои таскини хотир ба қабристон рафта, бо чор дарвеш ҳамсӯҳбат шуд. Ду дарвеш саргузашти худро дар қабристон ҳикоя карданд. Подшоҳ дарвешонро ба дарбор овард ва саргузашти ду нафари дигарро шунид. Дар анҷоми қиссагуӣ дарбориён хабар расониданд, ки яке аз занони шоҳ фарзанд ёфт. Ҳамин қиссаи фарзандёбии малик Озодбахт ва саргузашти пуртазодду ибратомўзи чор дарвеш, ки оқибат ба мақсади худ—висоли маъ-шуқаҳояшон мерасанд, сюжети асарро ташкил додаанд. Қиссаҳо бо якдигар робитаи қавӣ дошта, ҳақгузорию вафодорӣ ва диловарию мардонагиро тарғиб менамоянд. Қаҳрамонони мусбати асар шахсони далеру мубориз тасвир шудаанд, ки баъди аз cap гузаронидони фоҷиаҳои бешуморе ғолиб омада, ба ҳақношиносону носипосон ва хиёнаткорону баттолон ҷазои сазовор додаанд. Мас., тоҷири нишопурӣ, ки ба ивази некиҳои зиёде аз бародаронаш бадию аз сагаш вафодорӣ дида буд, оқибат аз баҳри бародарон гузашта, сагпарастиро авлотар донистааст. Акса ри қаҳрамонони «Чаҳор дарвеш» занону духтарони фидокору ҷоннисор буда, дар инкишофи ҳодисоҳои асар мақоме доранд. Чунончи, духтари подшоҳи Фаранг, духтари подшоҳи Шом ва духтари вазири Рум молу мансаб ва зиндагин бароҳати худро дар роҳи ишқ, мурувват, инсондӯстӣ ва адолату ҳақиқат фидо кардаанд. «Чаҳор дарвеш» бо забони соддаю равон ва таъсирҳои дилчаспи халқӣ таълиф ёфтааст ва ба таъбири Садриддин Айнӣ хазинаи пурқимати забони адабии классикӣ» ба шумор меравад. Аввали баъзе фаслҳо ва дохили қиссаҳои он бо байту қитъаҳо оро дода шудаанд. «Чаҳор дарвеш» ду бор (1878, 1900) дар Бамбай ва 1951, 1985 Душанбе, ба табъ расидааст.

Ад.: Икромӣ Ҷ., Дар бораи баъзе хусусиятҳои насри тоҷик. «Шарқи Сурх», 1958, №4; Брагинский И. С., Очерки из истории таджикской литературы, Сталинабад, 1956.   И. Ҳидоятов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …