Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИНШИЛЛА

ШИНШИЛЛА

ШИНШИЛЛА (Chinchilla), як навъ ҷонвари мушмонанди хояндаро гуянд. Ш. думкутоҳ (Ch. chinchilla) ва думдароз (Ch. laniger) мешавад. Онҳо зоҳиран ба якдигар монанданд.

chinchilla

Ш. дар куҳсори Анд, (2000—4000 м аз с. б.), Перу, Чили, Боливия ва Аргентина маскун аст. Ш.-ҳо одатан гуруҳ-гурухҳ дар нишебиҳои хушки ғарби куҳ, сурохиҳхои шах, дар лона ва байни шағалу сангҳо зиндагӣ мекунанд. Бегоҳӣ, шаб ва баъзан субҳдам серҳаракатанд, рӯзона хоб мераванд Алафҳои баландкуҳ, буттаҳои хурд ва кактусҳоро мехуранд. Ш. соле 2—3 маротиба насл (ҳар дафъа 1—5-тоӣ) меоварад. То 20 сол умр мебинад. Муинаи Ш. қимматбаҳост. Ба СССР Ш.-ро с. 1963 аз ШМА овардаанд. Онро дар фермаи таҷрибавии Ин-ти тадқиқоти илмии уму-мииттифоқии хоҷагии шикор ва ваҳшпарварӣ (вил. Киров) зиёд мекунанд ва биологияю экологияи онро меомузанд. Ш.-ро дар баъзе ноҳияҳои куҳсори ҷан. СССР низ мепарваранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …