Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ЧИЛУЧОРЧАШМА

ЧИЛУЧОРЧАШМА

ЧИЛУЧОРЧАШМА, қароргоҳи давраи мезолит ва ибтидои неолит, ки дар наздикии Чилучорчашмаи раёни Шаҳртуз воқеъ аст. С. 1953 кашф шуд. Дар Чилучорчашма нишонае аз иқоматгоҳ ёфт нашудааст. Бино ба тахмини мутахассисон ин ҷо қароргоҳи муваққатии шикорчиён будааст. Бозёфтҳои Чилучорчашма тақр. дар ҳазораҳои 4— 3 то м. сохта шудаанд.

Ад.: Ранов В. А., Каменный век Таджикистана, в. 1, Д.. 1965. У. Бобоев.

chiluchorchashma

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …