Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧЕРНЫШЕВСКИЙ Николай Гаврилович

ЧЕРНЫШЕВСКИЙ Николай Гаврилович

chernishevskiy-n

ЧЕРНЫШЕВСКИЙ Николай Гаврилович (24. 7. 1828, Саратов —29. 10. 1889, ҳамон ҷо), революционер, мутафаккир, нависанда, иқтисодчӣ ва файласуфи рус. Аз оилаи рӯҳонӣ. Шӯъбаи таъриху филологияи Унивеситети Петербургро хатм кардааст (1850). Ҷаҳонбинии Чернышевсикй дар солҳои студентиаш зимни таҳлили ҳаёти крепостноии Россия ва Революцияи 1848—49-и Европа ташаккул ёфтааст. Бо инкишофи минбаъдаи афкори ӯ фалсафаи классикии немис, иқтисоди сиёсии англис, социализми хаёлии франсавӣ ҳамчунин осори В. Г. Белинский ва А. И. Герцен, адабиёти классикии форс-тоҷик (ба хусус асарҳои Фирдавсӣ ва Ҳофиз) таъсири зиёд расонданд. У солҳои |1851—53 дар гимназияи Саратов аз забон ва адабиёти рус дарс мегуфт ва ошкоро ба шогирдон ақидаҳои революционию демократиро баён мекард. С. 1853 ба Петербург омада, дар ж. «Отечественные записки» ҳамкорӣ кард ва баъдтар ба ж. «Современник» гузашта, яке аз муаллифон ва роҳбарони асосии он гардид.

Чернышевсикй соли 1855 дар мавзӯи «Муносибати эстетикии санъат ба воқеият» дисс. магистрӣ ҳимоя кард, ки он ба тадқиқи эстетикаи материалистӣ дар Россия асос гузошт. У эстетикам Гегельро мавриди танқид қарор дода, бо воқеият пайванди ногусистанӣ доштани идеали эстетикиро таъкид намуд ва таълимоти зебоӣ ва ҳаётро ба миён гузошт. Таълимоти эстетикии Чернышевкий ба назарияи зараровари «санъат барои санъат» зарбаи сахт зад.

Солҳои 1855—57 ӯ бештар мақолаҳои таърихию адабӣ ва адабию танқидӣ навишта, дар адабиёт равияи реалистиро тарафдор шуд. Чернышевский дар китоби «Очеркҳои адабиёти рус дар давраи Гоголь» (1855—56) суннатҳои адабии танқиди демократии В. Г. Белинскийро идома дод. Ох. с. 1857 Чернышевский шуъбаи танқиди журналро ба Н. А. Добролюбов супорида, худ ба масъалаҳои иқтисоди сиёсӣ машғул шуд. Чернышевский ба асарҳои «Фаъолиятмандии иқтисодӣ ва қонуният» (1859), «Капитал ва меҳнат» (1860), «Очеркҳои иқтисоди сиёсӣ» (1861) ва р. хусусияти синфии иқтисоди сиёсии буржуазиро ошкор сохт. Назарияи иқтисодии Чернышевсикй нуқтаи олии афкори иқтисодии то марксистӣ ба шумор меравад.

Чернышевсикй аз авв. с. 1859 ҳамчун пешво шинохта шуд ва ж. «Современник», ки ӯ роҳбарӣ мекард, органи боэътимоди инқилобчиёни демократи рус қарор гирифт. Солҳои 1861—62 мушовир ва роҳбари ғоявии ташкилоти инқилобии «Замин ва Озодӣ» буд. Дар «Мактубҳои беунвон» (1862) ном асараш, ки с. 1874 дар хориҷа ба табъ расидааст, аз истибдод даст кашидани подшоҳи русро талаб намуд. 7 июли 1862 Чернышевский ба ҳабс гирифта шуд. Вай дар қалъаи Петропавловск ба таълифи асарҳои бадеӣ пардохт. Қаҳрамонони романи ӯ «Чӣ бояд кард?» (1862—63; тарҷ. тоҷ 1955) одамони нав буда, бо меҳнати худ зиндагӣ ба cap мебаранд, ҳаёти оилавиашонро ба тарзи нав месозанд ва амалан ғояҳои социализмро тарғиб менамоянд. Чернышевский бори нахуст дар таърихи адабиёти рус образи революционери касбӣ Раҳматов ва зани пешқадами рус Вера Павловнаро офарид. Асарҳои Чернышевский «Алферьев» (1863), «Қисса андар қисса» (1863— 64), «Ҳикояҳои хурд» (1864) ва ғ. низ дар маҳкамаи Петропавловск эҷод шудаанд. Ҳукумати подшоҳӣ с. 1864 бо тӯҳмат Чернышевскийро муддати 7 сол ба бадарға маҳкум кард ва дар бораи то охири умр дар Сибирь монданаш қарор баровард. Романи ў «Ибтидо» (1867—69), ки хусусияти тарҷумаиҳолӣ дорад, дар бадарға таълиф шудааст. С. 1883 Чернышевскийро зери назорати полиция ба Астрахан гузаронда, с. 1889 ба ӯ иҷозат доданд, ки ба ватанаш равад. Дар Астрахану Саратов вай асаре ба номи «Хусусияти донишҳои инсонӣ» ва хотираҳояшро дар бораи Добролюбов, Некрасов ва диг. навишт. К. Маркс, Ф. Энгельс ва В. И. Левин ба фаъолияти инқилобӣ ва эҷодиёти гуногунжанри Чернышевсикй баҳои баланд додаанд, бисёр инқилобчиёни касбии рус ва дигар халқҳо дар зери таъсири асарҳои у тарбия ёфтаанд. Чернышевсикй ба инкишофи маданият ва афкори иҷтимоию сиёсии халқи рус ва диг. халқҳои СССР таъсири зиёд расондааст.

Чернышевсикй аз адабиёти классикии форс-тоҷик огоҳии тамом дошта, суханварони бузурги онро бо некӣ ёдовар шудааст. Аз ин ҷиҳат «Қисса андар қисса»-и ӯ ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошад. Чернышевский дар ин асар ба «Шоҳномаи Фирдавсӣ ва ғазалиёти шӯрангези Ҳофиз муроҷиат карда, барои исботи фикраш аз онҳо мисолҳо овардааст. Чернышевский пояҳои халқии «Шоҳнома»-ро хотирнишон сохта, мақоми онро дар тасвири нерӯю тавоноии халқ таъкид намудааст. Далерию фидокории қаҳрамонони «Шоҳнома» махсусан, Гурдофарид ӯро ба ваҷд овардааст.

Ос.: Собр. соч. т. 1-5 М. 1974: Чӣ бояд кард?, Д., 1959; Баргузидаи афкор, «Садои Шарқ». 1978, № 7.

Ад.; Н. Г. Чернышевский в воспоминаниях современников, М., 1982.

В. Самадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …