Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЧЕЛЯБИНСК

Вилояти ЧЕЛЯБИНСК

ЧЕЛЯБИНСК, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 17 янв. 1034 таъсис ёфтааст. Масоҳ. 87,9 ҳаз. км2. Аҳолиаш 3531 ҳаз. наф. (1964), аҳолии шаҳрӣ 82%. Вилоят 24 район, 27 шаҳр ва 29 птш дорад. Марказаш ш. Челябинск. Вилоят дар Урали Миёна на Ҷанубӣ ва қисми ғарбии ҳамвории Сибири Ғарбӣ ҷойгир шудааст.

chelyabinsk-province

Ҳарор. миёнаи янв. аз —16 то —18С, июл 17—20С. Боришоти солона 300—500 мм. Дарёҳо» асосиаш: Урал (болообаш), Миасс. Маъданҳои оҳан, металлҳои ранга, талқ. графит, ангишти бӯр истихроҷ мекунанд. Соҳаҳои асосии саноаташ: металлургияи сиёҳ ва ранга, мошинсозӣ (таҷҳизоти кон, трактор, автомобил, дастгоҳ ва ғ.), саноати химия (нуриҳои минералӣ, қатрон, лок), сабук, хурокворӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ. Дар ҳудуди вилоят ГРЭС-ҳои Троицк, Урали Ҷанубӣ ва Челябинск мавҷуданд. Гандум, ҷав, ҷавдор, марҷумак, хӯроки чорво кишт мекунанд. Картошкаю, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ тараққӣ кардааст. Чорвои ширу гӯштдеҳ (гов, хук, бузу гӯсфанд) мепарваранд. Дар ҳудуди Челябинск мамнӯъгоҳи Ильмен ҷойгир аст. Вилоят бо 2 ордени Ленин мукофотонида шудааст (1956-1970).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …