Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЦЕЛИНОГРАД

Вилояти ЦЕЛИНОГРАД

ЦЕЛИНОГРАД, вилоятест дар ҳайати РСС Қазоқистон 24 апр. 1961 таъсис ёфтааст. Масоҳ. 124,6 ҳаз. км3. Аҳолиаш 843 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 60%. 14 район, 5 шаҳр ва 11 птш дорад. Марказаш ш. Целиноград. Қисми зиёди ҳудуди вилоят аз ҳамворӣ ва пастию баландиҳо иборат аст. Ҳаpop. миёнаи янв. — 18°С, июл 20 С. Боришоти солона 300 мм. Дарёи калонаш Ишим. Дар ҳудуди вилоят кулҳои Тенгиз, Кургалчин воқеанд. Целиноград яке аз ноҳияҳои калони ғаллакори мамлакат мебошад. Чорводорӣ ба истеҳсоли гушту шир ва гушту пашм махсус гардонида шудааст. Аз кулу дарёҳо моҳӣ ҳам мегиранд. Корхонаҳои истихроҷи маъдан, мошинсозӣ, коркарди металл, саноати сабук, хурокворӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1958).

celinograd-viloyat

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …