Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 8)

Техника

ТЕЛЕФОН

telefon

ТЕЛЕФОН (аз теле… ва юнонӣ рhone — садо), 1) асбоби электроокустикиест барои ба лалишҳои савтӣ табдил додани лапишҳои электрӣ. Вобаста ба тарзи табдили лапиш электромагнитӣ, электродинамикӣ ва пезоэлектрӣ мешавад. Телефонҳои электромагнитӣ бештар маъмуланд. Телефонро аппаратҳои телефон, коммутаторҳо ва асбобҳои радиотехникӣ (масалан, дар радиостанцияҳои қабулу ирсол), баъзан дар схемаҳои махсуси андозагирӣ …

Муфассал »

ТЕЛЕСКОП

teleskop

ТЕЛЕСКОП (аз теле… ва юнонӣ нигоҳ, мекунам), афзори оптикии астрономист барои мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ. телескопҳои оинагӣ (рефлекторҳо), линзагӣ (рефракторҳо) ва оинагию линзагӣ мавҷуданд. Рефракторҳо асосан дар астрометрия, рефлекторҳо ва телескопҳои оинагию линзагӣ дар астрономия барои тадқиқоги астрофизикӣ истифода мешаванд. Барои гирифтани сурати объектҳои осмонӣ дар фокуси телескоп фотолавҳа ё фотанавор …

Муфассал »

ТЕЛЕТАЙП

teletype

ТЕЛЕТАЙП (аз теле… ва англисӣ— бо мошинка сабт кардан), дастгоҳи клавишдори қабулу ирсолкунандаи чопиро гӯянд. Барои бо каналҳои алоқа ба масофаи дур нақл намудачш ахбор (телеграмма, кодограмма) ва ба сифати олати вориду содир (терминал)-и ҳисобмошинҳои электронии системаҳои автоматонидашудаи коркарди маълумот истифода мешавад. Ҳангоми қабул ахбор ба коғаз автоматӣ чоп мешавад. …

Муфассал »

ТЕЛЕСИГНАЛОНӢ

telesignaloni

ТЕЛЕСИГНАЛОНӢ (ТС), сигналдиҳиест аз масофа, ки тавассути олатҳои телемеханика ба амал меояд; як фасли телемеханикаро гӯянд ки услубҳои ирсоли информацияи дискретиро доир ба ҳолати объекти назоратшаванда (масалан, «кушодапӯшида,«васлшуда васлнашуда») ва воситаҳои ба шакли мувофиқ (барои идроки бевоситаи оператор, ба мошин идоракунанда дохил намудаи, автоматӣ ба қайд гирифтан) овардани онро меомӯзад. …

Муфассал »

ТЕЛЕМЕТРИЯ

teleandozagiri

ТЕЛЕМЕТРИЯ (аз теле… ва …метрия), телеандозагирӣ, истилоҳи «Телеметрия» одатан барои чен кардани маълумоти метереологӣ (Телеметрияи метеорологӣ) ё нишондиҳандаҳои биологии организим (Телеметрияи биологӣ) истифода мешавад.

Муфассал »

ТЕЛЕМЕХАНИКА

telemehanika

ТЕЛЕМЕХАНИКА (аз теле… ва …механика), як соҳаи илму техникаи ирсолу қабули информация (сигнал)-и идора ва назорати фосилавиро меомӯзад. Телемеханика аз дигар соҳаҳои илм ва техника (телефония, телеграфия, телевизион ва ғайра), ки услуб ва амалҳои ба масофа ирсол намудани информацияро дар бар мегиранд, бо чунин хосиятҳояш фарқ мекунад: ирсоли маълумоти хеле …

Муфассал »

ТЕЛЕКС

telex

ТЕЛЕКС, (англисӣ telegraph ва ехсhenge), шабакаи байналхалқии телеграфи абонентиро гӯянд. Телекс  қариб 150 шабакаи миллиро муттаҳид мекунад, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон воқеъ гардидаанд ва бо стансияҳои коммутационии автоматии «Телекс» ҷиҳозонида шудаанд. Телекс қариб 600 ҳазор абонент дорад.

Муфассал »

ТЕЛЕИДОРА

years-of-radio-102

ТЕЛЕИДОРА, бо асбобҳои телемеханика аз масофа идора карданро гӯянд; як фасли телемеханика аст, ки ҷараёни ирсоли амри идораро ба масофаи муайян, табдил ва таъсири онро ба объекти идора дар бар мегирад. Ҳар як объекти дар сиютемаҳои телемеханики (СТМ), одатан бо ду ҳолат (масалан, «кушода- пӯшида», «васлшуда-васлношуда») тавсиф мешавад. Бинобар он …

Муфассал »

ТЕЛЕГРАФИЯ

telegraf

ТЕЛЕГРАФИЯ, як соҳаи илм ва техникаро гӯянд, ки тарзҳои сохтусози алоқаи телеграфӣ, услубҳои ирсоли сигналҳои телеграфӣ ва таҷҳизоти алоқаи телеграфӣ, инчунин сифати интиқоли информацияро тавассути каналҳои телеграфӣ меомӯзад. Телеграфия ба қисмҳои зерин (мувофиқи вазифаҳои асосиаш) ҷудо мешавад:        кодҳои телеграфӣ (ҳангоми ирсолу қабули информация ба сигнали электрӣ табдил додани ҳарфу рақам …

Муфассал »

ТЕЛЕВИЗОР

tvv

ТЕЛЕВИЗОР (аз теле… ва лотинӣ vizo — мебинам), приёмники телевизионӣ, олатест барои тақвия ва ба тасвиру овоз табдил додани радиомавҷҳои барнамаи намоишҳои стансияи телевизионӣ. Телевизионҳои ранга ва муқаррарӣ, стасионарӣ ва сайёр мешаванд. Телевизорҳое, ки саноати СССР истеҳсол мекунад, дар диапазонҳои метрӣ (48,5—400 МГц ва 174—230 МГц; 12 то канал) ва …

Муфассал »