Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕГРАФИЯ

ТЕЛЕГРАФИЯ

ТЕЛЕГРАФИЯ, як соҳаи илм ва техникаро гӯянд, ки тарзҳои сохтусози алоқаи телеграфӣ, услубҳои ирсоли сигналҳои телеграфӣ ва таҷҳизоти алоқаи телеграфӣ, инчунин сифати интиқоли информацияро тавассути каналҳои телеграфӣ меомӯзад. Телеграфия ба қисмҳои зерин (мувофиқи вазифаҳои асосиаш) ҷудо мешавад:        кодҳои телеграфӣ (ҳангоми ирсолу қабули информация ба сигнали электрӣ табдил додани ҳарфу рақам ва амалиёти баръакс); таҷҳизоти телеграфии ниҳоӣ (принципҳои сохтусози аппаратҳои телеграфӣ, трансмиттерҳо ва реперфораторҳо, услубҳои ирсол ва қабули сигналҳо, таҳили аппаратураи электронӣ); каналҳои толеграф (истифодаи воситаҳои хатти алоқа, сохтани каналҳои характеристикаашон муайян); шабакаҳои телеграф (интихоби услубҳои пайвасти абонентҳо ва пунктҳои ниҳоӣ, ҷойгиркунии стансияҳо, сифати хизматрасонӣ).

telegraf

Дар телеграфия бо мақсади хушсифат ирсол намудани таҳрифҳои сигналҳои телографӣ, сабаб ва қонунияти пайдоиши таҳрифҳо аз услубҳои ислоҳи онҳоро меомӯзанд, ки ҳангоми ирсоли информация ба вуҷуд меоянд. Телеграфия бар хилофи дигар намудҳон алоқа асосан маълумоти дискретӣ (фосилавӣ)-ро ирсол мекунад, ки аз ҳарфҳо, рақамҳо ва аломатҳои «махсус таркиб ёфтаанд Сигналҳои ирсоли маълумот инчунин дисткретианд. Асоси назариявии телеграфияро назарияи алоқа, назарияи информация, назарияи зутимолият ва алгебраи Вуль ташкил медиҳанд. Фототелеграфия яке аз фаслҳои махсуси телеграфия мебошад. Асоси телеграфияро дар Россия П. Л. Шиллинг гузоштааст. Ӯ соли 1832 нахустин комплекси олатҳоро барои алоқаи телеграфӣ электрӣ ихтироъ кард.

Ба инкишофи телеграфия олимон ва ихтироъкорони советӣ Г. В. Дашкевич, А. Ф. Шорин, П. А. Азбукин, А. Д. Игнатьев, Л. И. Тремль ва дигарон саҳм гузоштаанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …