Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 24)

Техника

МОШИНҲОИ ҲАМЛУ НАҚЛ

МОШИНҲОИ ҲАМЛУ НАҚЛ, мошину механизмҳоеанд барои ба масофаҳои наздик кашондани бору одамон. Мошинҳои ҳамлу нақл вобаста ба таъинот ба мошину механизмҳои борбардор, мошинҳои нақлиёт, мошинҳои нақлиёти овезон, мошинҳои нақлиёти рӯизаминӣ ва мошинҳои ҳамл ҷудо мешаванд. Мошинҳои ҳамлу нақлии даври (циклӣ) амалкунанда ва бефосила мавҷуданд. Ба Мошинҳои ҳамлу нақлии даври кранӣ …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ХАНДАҚКАН

МОШИНҲОИ ХАНДАҚКАН, мошинҳоеанд барои кофтани хандақҳои газопровод, водопровод ва ғ. Узви кории Мошинҳои хандақкан сипарӣ (рамаи) баранда бо кафлесҳо мебошад, ки ба трактори сустгард васл мешавад. Мавриди кандани хандақи бараш 900 мм ва умқаш то 1100 мм, ҳосилнокии кори Мошинҳои хандақкан 45 м/с аст.

Муфассал »

МОШИНҲОИ РОХСОЗӢ

moshini-rohsozi

МОШИНҲОИ РОХСОЗӢ, мошин ва механизмҳоеанд барои иҷрои комплекси корҳои сохтмон, нигоҳубин ва таъмири роҳҳои автомобил; дар сохтмони гидротехникӣ, саноатӣ, гражданӣ, аэродромҳо, роҳи оҳан ва ғ. низ истифода мешаванд. Барои корҳои тайёрӣ аз мошинҳои кӯчондану решаков кардани дарахтҳо, буридани буттаҳо, мошинҳои сангчин, ковоккунанда ва ғ.; барои корҳои заминковӣ аз скреперҳо, булдозерҳо …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ОТАШНИШОН

moshinhoi-otashnishon

МОШИНҲОИ ОТАШНИШОН, мошинҳоеанд барои фурӯ нишондани сӯхтор (расми 1, расми 2). Мошинҳои оташнишон вобаста ба таъинот асосӣ ва махсус мешаванд. Ба Мошинҳои оташнишон асосӣ автомобилҳои оташнишон (автоцистернаю автонасосҳо), мотопомпаҳо, поезду дрезинаҳои оташнишон, киштиҳои оташнишон (теплоходу катерҳо), ба Мошинҳои оташнишони махсус нардбонҳои сӯхторнишон, автомобилҳои кафкпош, автомобилҳои дорои рӯдаҳои обгузар ва ғ. …

Муфассал »

МОШИНҲОИ КОРКАРДИ ПОЧТА

pochta

МОШИНҲОИ КОРКАРДИ ПОЧТА, мошинҳоеанд, ки мактубу открыткаҳо, бандерону посылкаҳо, нашрияҳои гуногун ва ғ-ро аз рӯи адресҳо ба навъиёт ҷудо карда, омодаи тақсимот мегардонанд. Ба Мошинҳои коркарди почта мошини маркачаспон, тамгагузор, сарачин, бандпечон, халтадӯз ва ғ. мансубанд. Навъи муштараки Мошинҳои коркарди почта якчанд амалро иҷро мекунад. Ниг. низ Техникаи почта.

Муфассал »

МОШИНҲОИ КОММУНАЛӢ

moshinhoi-komunali

МОШИНҲОИ КОММУНАЛӢ, мошинҳои хоҷагии коммуналӣ, ки барои беҳдошти санитарии маҳалҳои аҳолинишину даруни биноҳои ҷамъиятӣ, шустушӯ ва тасфияи химияяи сарулибос хизмат мекунанд. Мошинҳои андозаҳою иқтидорашон хурдтар, ки барои рӯбучини истиқоматгоҳҳо ҷомашӯӣ ва тафсияи химиявӣ таъин шудаанд (мошини ҷомашӯӣ) чангкашон, фаршмол ва ғ.), ба мошинҳои рӯзгор мансубанд.

Муфассал »

МОШИНСОЗӢ

moshin

МОШИНСОЗӢ, маҷмӯи соҳаҳои саноати вазнин, ки барои хоҷагии халқ мошин, таҷҳизот, аппарат, асбоб, ашьёҳои маданию маишӣ ва инчунин ба мақсадҳои мудофиавӣ яроқу аслиҳа истеҳсол менамояд. Мошинсозӣ асоси моддии аз техника мусаллаҳшавии тамоми хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ, прогресси техникӣ, некӯаҳволии моддии халқ ва иқтидори мудофиавии мамлакат ба …

Муфассал »

МОШИНСОЗИИ ХОНАГИИ ҚИШЛОҚ

moshinsozi

МОШИНСОЗИИ ХОНАГИИ ҚИШЛОҚ соҳаи мошинсозӣ, ки бо истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ машғул аст. Таракқии Мошинсозии хоҷагии қишлоқ ба механиконии комплексии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва баланд бардоштани агротехника мусоидат кард. Маҳсулоти асосии Мошинсозии хоҷагии қишлоқ комбайиҳои ғалладарав, картошка, лаблабую силосгундор; ғаллатозакунанда, мошинҳои пахтачин, майдакунандаи ему хошок, боркунакҳои универсалӣ, даравкунакҳо; прицеп, плуг, …

Муфассал »

МОШИНИ ҲАККОКӢ

МОШИНИ ҲАККОКӢ, мошини фотоҳаккокӣ, дастгоҳест, ки дар он бо роҳи ҳаккокии металл, пластмасса ва дигар масолеҳи қолибӣ клише тайёр мекунанд. Кори Мошини ҳаккокӣ ба ҳамин асос меёбад, ки нури аз ягон қитъаи нусхаи асл (оригинал) бароянда ба сигнали иқтидораш муайяне табдил дода мешавад, ки он ҳаракати теғ (хак)-ро идора мекунад.

Муфассал »

МОШИНИ ҒАЛЛАТОЗАКУНӢ

moshini-galatozakuni

МОШИНИ ҒАЛЛАТОЗАКУНӢ, мошинест барои тоза ва ба хелҳо ҷудо намудани ғалла. Кори Мошини ғаллатозакунӣ ба ҳаҷм (ғафси, дарозӣ, паҳноӣ), хосияти агродинамикӣ, ҳолати сатҳ, шакл, вазни хос ва дигар хусусиятҳои дон вобаста аст. Мас., аз рӯи ғафсӣ донро дар ғалбери чашмакҳояш дарозрӯя, аз рӯи паҳноӣ дар ғалбери чашмакҳояш доирашакл ба хелҳо …

Муфассал »