Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ҒАЛЛАТОЗАКУНӢ

МОШИНИ ҒАЛЛАТОЗАКУНӢ

moshini-galatozakuniМОШИНИ ҒАЛЛАТОЗАКУНӢ, мошинест барои тоза ва ба хелҳо ҷудо намудани ғалла. Кори Мошини ғаллатозакунӣ ба ҳаҷм (ғафси, дарозӣ, паҳноӣ), хосияти агродинамикӣ, ҳолати сатҳ, шакл, вазни хос ва дигар хусусиятҳои дон вобаста аст. Мас., аз рӯи ғафсӣ донро дар ғалбери чашмакҳояш дарозрӯя, аз рӯи паҳноӣ дар ғалбери чашмакҳояш доирашакл ба хелҳо ҷудо мекунанд. Ғалбери Мошини ғаллатозакунӣ одатан паҳн ва баъзан устувонашакл мешавад. Ғалберҳои паҳн бо ларзиш ва ғалберҳои устувонашакл давр зада мошинсозӣ ҳаракат мекунанд. Донҳои дар сӯрохиҳои ғалбер андармон мондаро бо чӯтка ё кӯбакҳо мерезоннид. Ғалларо барои тухмӣ аз рӯи дарозӣ дар трпер; аз рӯи хосияти агродинамикӣ бо ҷараёни ҳавое, ки вентилятор ба вуҷуд меорад; аз рӯи сатҳу шакл дар мошинҳои тухмнтозакунак ва аз рӯи вазни хосаш дар мизи пневматикӣ сард мекунанд. Мошини ғаллатозакунӣ аз ҷиҳати сохт содда ва мураккаб мешавад. Мошини ғаллатозакунии содда бо як ё ду ва мураккаб бо якчанд қисмҳои корӣ (вентиляторҳо, ғалберҳо, цилиндрҳои триерӣ ва ғ.) таҷҳизонида мешавад. Мошини ғаллатозакунӣ ҳаракаткунанда ва стационарӣ мешавад. Мошини ғаллатозакунии ҳаракаткунандаро дар хирманҷоҳо ва стационариро дар пунктҳои ғаллатозакунию ғаллахушконӣ ва заводҳо истифода мебаранд.

Дар СССР Мошини ғаллатозакунии ҳаракаткунандаи ОС-4,5 А, ОВП-20 ва стационарии ОВС-ЮБ, СВУ-5 ва дар РСС Тоҷикистон ОВП-20 ва СМ-4-ро истифода мебаранд Дар пунктҳои ғаллатозакунию ғаллахушконӣ, инчунин аз боддиҳакҳо, триерҳо, мошинҳои электромагнитию ба навъ ҷудокунӣ, хушкунакҳо ва ғ. низ истифода мебаранд.

Мошини ғаллатозакунии ОС-4.5А (расми 1) қисми бо ҳавотозакунӣ, стани галбершакл, 2 триер, тахвилнаворхои борбарору борфарор дорад. Қисмҳои кории онҳо муҳаррики электрии тавоноиаш 5.5 кВт ба кор меандозанд. Дон бо таҳвилнавор ба камераи қабул мерезад, баъд пай дар пай дар каналҳои аспирационӣ, ғалбер ва триер тоза шуда ба таҳвилнавори борфарор, пасмондаҳо ба халтаҳо ва қисман ба замин мерезанд. Дар 1 соат 4,5 т ғалларо тоза мекунад. Мошини ғаллатозакунии ОВП-20 (расми 2) 2 стаҳи ғалбер-Шакл, қисми бо ҳавотозакунӣ, таҳвилнаворҳои борбарору борфарор, механизми худгард, 3 муҳаррики электрии тавоноиашон 10,8 кВт дорад.

Ҳангоми қад-қади тарами ғалла ҳаракат кардани мошин (бо суръати 0,1—0,3 м/дақ) дон ба воситаи таҳвилнавори борбарор ба камераи қабул, канали аспирационӣ ва баъд ба стани ғалбершакл гузашта, тоза мешавад. Омехтаҳои нолозим бо таҳвилнавори пневматӣ берун партофта мешавад. Дар 1 соат 10—20 т ғалларо тоза мекунад.

Ад.: Нарлеино А. Н., Зеленев А. А., Сельскохозяйственные машины, М., 1968; Сельскохозяйственные машины и орудия. М., 1971.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …