Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ГАЛЛАТОЗАКУНИ

МОШИНИ ГАЛЛАТОЗАКУНИ

moshini-galatozakuniМОШИНИ ГАЛЛАТОЗАКУНИ, мошинест барои тоза ва ба хелхо чудо намудани галла. Кори Мошини галлатозакуни ба хачм (гафси, дарози, пахнои), хосияти агродинамики, холати сатх, шакл, вазни хос ва дигар хусусиятхои дон вобаста аст. Мас., аз руи гафси донро дар галбери чашмакхояш дарозруя, аз руи пахнои дар галбери чашмакхояш доирашакл ба хелхо чудо мекунанд. Галбери Мошини галлатозакуни одатан пахн ва баъзан устувонашакл мешавад. Галберхои пахн бо ларзиш ва галберхои устувонашакл давр зада мошинсози харакат мекунанд. Донхои дар сурохихои галбер андармон мондаро бо чутка ё кубакхо мерезоннид. Галларо барои тухми аз руи дарози дар трпер; аз руи хосияти агродинамики бо чараёни хавое, ки вентилятор ба вучуд меорад; аз руи сатху шакл дар мошинхои тухмнтозакунак ва аз руи вазни хосаш дар мизи пневматики сард мекунанд. Мошини галлатозакуни аз чихати сохт содда ва мураккаб мешавад. Мошини галлатозакунии содда бо як ё ду ва мураккаб бо якчанд кисмхои кори (вентиляторхо, галберхо, цилиндрхои триери ва г.) тачхизонида мешавад. Мошини галлатозакуни харакаткунанда ва стационари мешавад. Мошини галлатозакунии харакаткунандаро дар хирманчохо ва стационариро дар пунктхои галлатозакунию галлахушкони ва заводхо истифода мебаранд.

Дар СССР Мошини галлатозакунии харакаткунандаи ОС-4,5 А, ОВП-20 ва стационарии ОВС-ЮБ, СВУ-5 ва дар РСС Точикистон ОВП-20 ва СМ-4-ро истифода мебаранд Дар пунктхои галлатозакунию галлахушкони, инчунин аз боддихакхо, триерхо, мошинхои электромагнитию ба навъ чудокуни, хушкунакхо ва г. низ истифода мебаранд.

Мошини галлатозакунии ОС-4.5А (расми 1) кисми бо хавотозакуни, стани галбершакл, 2 триер, тахвилнаворхои борбарору борфарор дорад. Кисмхои кории онхо мухаррики электрии тавоноиаш 5.5 кВт ба кор меандозанд. Дон бо тахвилнавор ба камераи кабул мерезад, баъд пай дар пай дар каналхои аспирациони, галбер ва триер тоза шуда ба тахвилнавори борфарор, пасмондахо ба халтахо ва кисман ба замин мерезанд. Дар 1 соат 4,5 т галларо тоза мекунад. Мошини галлатозакунии ОВП-20 (расми 2) 2 стахи галбер-Шакл, кисми бо хавотозакуни, тахвилнаворхои борбарору борфарор, механизми худгард, 3 мухаррики электрии тавоноиашон 10,8 кВт дорад.

Хангоми кад-кади тарами галла харакат кардани мошин (бо суръати 0,1—0,3 м/дак) дон ба воситаи тахвилнавори борбарор ба камераи кабул, канали аспирациони ва баъд ба стани галбершакл гузашта, тоза мешавад. Омехтахои нолозим бо тахвилнавори пневмати берун партофта мешавад. Дар 1 соат 10—20 т галларо тоза мекунад.

Ад.: Нарлеино А. Н., Зеленев А. А., Сельскохозяйственные машины, М., 1968; Сельскохозяйственные машины и орудия. М., 1971.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …