Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 98)

Маданият ва санъат

МУЪИНИ МУСАВВИР

nophoto

МУЪИНИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввир ва хаттоти асрҳои 16—17 форс-тоҷик, яке аз намояндагони Мактаби минетури Исфаҳон. Санъатҳои нафисаро а в вал аз соҳибҳунарони зодгоҳаш Исфаҳон ва баъд аз мусаввирӣ машҳури замонаш Pизо Аббосӣ омӯхтааст. Муъини Мусаввир чанд муддат дар китобхонаи салтанатии Сафавиён ҳамчун котиб бо устодаш Ризо …

Муфассал »

МУШФИҚӢ

nophoto

МУШФИҚӢ, Мулло Мушфиқӣ, қаҳрамони латифаҳои халқии тоҷикӣ. Прототипи Мушфиқӣ шоири машҳури асри 16 тоҷик Абдурраҳмони Муш-фиқист, ки бо хаҷвиёту мутоиботаш дар байни халқ шӯҳрати зиёде ёфтааст. Мушфиқӣ дар латифаҳои халқӣ ба сифати шахси ҳақгӯю адолатпарвар ва заковатманду ботадбир амал мекунад. Ин образ дар таърихи инкишофи ҳаҷву мутоиботи халқӣ мавқеъ дошт. …

Муфассал »

МУШФИҚӢ

nophoto

МУШФИҚӢ (тахаллус; номаш Абдурраҳмон; 1525, Бухоро — 1588, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Падари ӯ аз Марв будааст, бинобар он бо нисбаи «Марвӣ» низ ёд мешавад. Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аз падар ятим монда, дар хизмати як ҳунарманди бухороӣ давраи мактабхониашро ба охир расонд. Сипас, мадрасаро тамом кард. Мушфиқӣ дар давраи таҳсили …

Муфассал »

МУШТОҚИИ ДЕҲЛАВӢ

nophoto

МУШТОҚИИ ДЕҲЛАВӢ Шайх Ризқуллоҳ ибни Саъдуллоҳ (1492, Деҳлӣ —1581, ҳамон ҷо), шоир ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм ба тариқати тасаввуф афтода, шогирди чанд тан аз шайхони замонаш шудааст. Муштоқии Деҳлавӣ забони санскритро омӯхтааст. Ӯ ба форсию ҳиндӣ ашъор дошта, дар аксари айвои шеър қувваозмоӣ карда, хусусан дар …

Муфассал »

МУШТОҚИ ИСФАҲОНӢ Саидалӣ

nophoto

МУШТОҚИ ИСФАҲОНӢ Саидалӣ (тақрибан 1688, Исфаҳон—1758), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдтар аз но-мусоидии вазъи зиндагӣ ба бисёр шаҳру вилоятҳои Эрон сафар кардааст. Ба шеъргӯӣ аз хурдсолӣ cap карда, дар синни камол яке аз асосгузорони анчумани адабии Исфаҳон гардид. Дар ин анҷуман чанд тан аз шоирони маъруфи давр, …

Муфассал »

МУШРИФ Мирзоқаландари Исфарагӣ

nophoto

МУШРИФ  Мирзоқаландари Исфарагӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррих, шоири дарбор ва амалдори хони Ҳуқанд—Умархон (1810—22). Ӯ бо номи Мирзои Мушриф низ машҳур буд. Мушриф бо супориши Умархон «Зафарнома»-и Фазлии Намангониро, ки ба таърихи ҳукмронии Умархон бахшида шуда аст, ба наср мегардонад. Номи дигари ин асар «Таърихи Амир Умархонӣ» аст. …

Муфассал »

МУШОКИЛ

musiki

МУШОКИЛ (арабӣ- монанд, ҳамшакл), номи яке аз б а ҳ р д ҳои фаръии арғз. Ин баҳрҳо барои он Мушокил гӯянд, ки рукнҳояш ба баҳри қариб монанд аст. Мушокил рукни махсус надошта, дар натиҷаи омезиши зиҳофҳои рукни асосии бахри ҳазаҷ (мафойлун) ва зиҳофҳои баҳри paмал (фоилотун) сохта мешавад. Шакли солими …

Муфассал »

МУШОИРА

mushoira

МУШОИРА, м у ш о а р а (арабӣ — мусобиқаи шоирон дар шеъргӯӣ), қувваозмоӣ дар маҳорати шоирӣ, ки байни ду ё чанд шоир воқеъ мешавад. Мушоира дар адабиёти тореволютсионии тоҷик ривоҷ дошт. Чунончи, Мушоираи Дақиқию Фирдавсию Унсурию Асҷадӣ, Салмони Соваҷию Убайди Зоконӣ, Масъуди Саъди Салмону Рашидии Самарқандӣ, Асируддини Ах-секатию …

Муфассал »

МУШКМОЛӢ

barbadpahlbod

«МУШКМОЛӢ» 1) суруди мавсимӣ-маросимии қадим, аз тасни-фоти Борбади Марвӣ. 2) Оҳанги бисту чорум аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ. 3) Шуъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом». А. Раҷабов.

Муфассал »

МУШКИЛОТ

musiki

МУШКИЛОТ (арабӣ ҷамъи— душвор, сахт), шуъбаи созии мақомҳои таркиби «Шашмақом». Одатан, дар Мушкилот ба ҷуз аз қисмҳои «Тасниф», «Тарҷеъ», «Гардун», «Мухаммас», «Сақил» ҳар мақом воситаҳои созии ба худ хос дорад. Дар таркиби «Шашмақом» 46 оҳанги созӣ ҳаст. Бисёр оҳангҳо бо номи Мушкилот машҳуранд. Оҳангҳои халқии калонҳаҷм бештар дар асоси усулҳои …

Муфассал »