Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУШТОҚИ ИСФАҲОНӢ Саидалӣ

МУШТОҚИ ИСФАҲОНӢ Саидалӣ

nophotoМУШТОҚИ ИСФАҲОНӢ Саидалӣ (тақрибан 1688, Исфаҳон—1758), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдтар аз но-мусоидии вазъи зиндагӣ ба бисёр шаҳру вилоятҳои Эрон сафар кардааст. Ба шеъргӯӣ аз хурдсолӣ cap карда, дар синни камол яке аз асосгузорони анчумани адабии Исфаҳон гардид. Дар ин анҷуман чанд тан аз шоирони маъруфи давр, монанди Шӯъла, Мирзо Носир, Ошиқ, Орзу,. Ҳотиф, Сабоҳии Бедгулӣ, Рафиқи Исфаҳонӣ ва дигар гирд омада буданд. Аъзоёни ин анчуман аз муғлақбаёни-ҳои сабки ҳинди рӯ тофта, ба сабки соддаи шоирони пешгузаштаи форс-тоҷик муроҷиат менамуданд. Аз Муштоқи Исфаҳонӣ девоне боқист, ки аз ғааал, қаси-да, тарҷеъбанд, таркиббанд, қитъаҳои таърихӣ ва рубоиёт иборат мебошад. Асарҳои Муштоқи Исфаҳонӣ мавзӯъҳои шикоят аз замон ва аҳли он, бетолеӣ ва ранҷи ғурбат, тараннуми зебоиҳои табиат, маю мусиқӣ ва ишқу муҳаббат, танқиди зӯҳду риё, тамасхури баъзе муқаддасоти дин ва масъалаҳои фалсафӣ, аз чумла, муаммои вуҷуд, ҳикмату рози зиндагӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Аксарияти ғазалҳои Муштоқи Исфаҳонӣ думатлаӣ буда, ба забони равону содда ва ҳусни адои ширину дилкаш суруда шудаанд. Муштоқи Исфаҳонӣ дар ғазал анъанаи Ҳофиз ва дар рубоӣ сабки Хайёмро давом додааст.

3. Аҳрорӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …