Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 94)

Маданият ва санъат

МУҲАММАДИ ПОДШОҲ

nophoto

МУҲАММАДИ ПОДШОҲ ибни Ғуломмудиддини мутахаллис ба Ш о д, маъруф ба Наси ми Мир (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва адиб, лугатнависи форсиэабони Х,ин- дустон. Дар а. 19 умр ба сар бурда- аст. Муншии роҷаи вилояти Вечинагар— Онандроҷ буд. Муҳимтарин асари Муҳаммад Подшоҳ «Фарҳанги Онандроҷ» мебошад. Д. Рауфов.

Муфассал »

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ

nophoto

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ — (1282, Омул, Мозандарони Эрон — 1349, ҳамон ҷо), мусиқишиноси форс-тоҷик. Аввал дар зодгоҳаш таҳсил намуда, барои такмили дониш ба Ироқ, Туркия ва якчанд шаҳрҳои Хуросон меравад ва дар илмҳои фалакиёт, арӯз, тиб ва мусиқӣ машҳур мегардад. Чанд муддат дар мадрасаҳои Исфаҳонӣ ва Султонияи Мозандарон таҳсил намуд. Мероси …

Муфассал »

МУҲАММАДИ НАСАВӢ

nophoto

МУҲАММАДИ НАСАВӢ— Аҳмад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Муншӣ мулаққаб ба Шиҳобуддин (соли таваллудаш номаълум, қалъаи Хурандизи назди ш. Нисо —1249, Ҳалаб), муаррихи асри 13. Аз оилаи заминдори хурди хуросонӣ. М. Н. чанде дар хизмати хокимони махаллии хонадони Алй Хамза буда, с. 1224 ба хизмати Ғиёссуддин (ба­родари Ҷалолуддини Хоразмшоҳ) мегузарад. Баъди …

Муфассал »

МУҲАММАДИ МУЪИН

nophoto

МУҲАММАДИ МУЪИН  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз, нависанда, мусикқишииоси охири асри 15— аввали  асри 16 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бу­хоро, дар Ҳирот фавтидааст. Санъа­ти мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Дар мадрасаи Ҳирот таҳсил намуда, илмҳои мусиқӣ ,бадеъ, қофия, ахлоқ, арӯзро аз худ кард. Аз овони ҷавонӣ ба сурудану навохтан шавқ дошта, махсусан …

Муфассал »

МУҲАММАДИ МУАММОӢ

nophoto

МУҲАММАДИ МУАММОӢ Мавлоно Шамсуддин Муҳаммади Бухороӣ (соли таваллудтва вафоташ номаъ­лум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Дар бораи ин шахс Навоӣ дар «Маҷолис- ун-нафоис» маълумот оварда, ӯро марди шӯху хуштабъе тавсиф менамояд. Муҳаммад Маъсум бо Навоӣ робитаи дӯстӣ ва рафтуомад доштааст. Аз муаммосозони машҳури даврааш ба шумор мерафт. Яке аз муаммоҳову дар …

Муфассал »

МУҲАММАДИ МАЪСУМ

nophoto

МУҲАММАДИ МАЪСУМ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттот ва муаррихи форс-тоҷик. Аслан аз мардуми Қандаҳор. Дар Синд ба дунё омада, дар ҳамон ҷо ба воя расида­аст. Дар асри шоҳони муғул обрӯ ва эътибори тамом доштааст. Чанде дар идораҳои давлатӣ хидмат кардааст. «Таърихи Синд» аз таълифоти ӯст. Хати настаъликро хеле зебо …

Муфассал »

МУҲАММАДИ ЛОҲИҶОНӢ

nophoto

МУҲАММАДИ ЛОҲИҶОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнависи охири асри 16—аввали асри 17  форс. Номи падараш Нуруддин Муҳаммад. Муҳаммади Лоҳивонӣ аз шогирдони беҳтарини Минимоди Хиравӣ буд. Ӯ дар дарбори Шоҳ Аббос ба китобат машғул шу­дааст. Баъди қатли устодаш ӯ аз ин даргоҳ ранҷида, ба Лоҳинон рафт ва пас аз муддате …

Муфассал »

МУҲАММАДИ КОШОНӢ

nophoto

МУҲАММАДИ КОШОНӢ ибни Мирмуиззуддини Муҳаммад (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1549), хаттот ва шоири форс-тоҷик. Аз Мирҳуббатуллохҳи Қошонӣ хати настаълиқро омӯхта, дар навиштани он ба дараҷаи устодӣ расид. Дар навиштани дигар намудҳои хат низ шӯҳрат ёфтааст. Муҳаммади Кошонӣ хати   настаълиқро ба да­раҷаи хушнависони Хуросон Маҳмуди Шиҳобӣ ва Мирзо Саидаҳмади Машҳадӣ …

Муфассал »

МУҲАММАДИ КАВКАБӢ

nophoto

МУҲАММАДИ КАВКАБӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), баста кор, ҳофизи охири асри 16   —аввали асри 17 тоҷик. Дар Самарқанд таваллуд шуда, санъати мусиқиро дар зодгоҳаш аз Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ омӯхт. Ба Бухоро назди Кавкабии Бухороӣ рафта, шогирди содиқи ӯ шуд. Таркиботи мақомҳоро аз худ намуд. Чанд пешрав, амал, нақш …

Муфассал »

МУҲАММАДИ ДАЙДУЗАМӢ

nophoto

МУҲАММАДИ ДАЙДУЗАМӢ  ибни Ҳасан (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), нависанда ва тарҷумони асри 11 форс-тоҷик. Роҷеъ ба ҳаёту эчҷодиёти Муҳаммади Дайдузамӣ маълумоте нарасидааст. Бино ба гуфтаи Саид Нафисӣ («Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ китоби Абулҳасани Кисоӣ «Қисас-ул-анбиё»-ро аз забони арабӣ бо номи «Нафоис-ул-ароис» ба форсӣ …

Муфассал »