Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 79)

Маданият ва санъат

МУАЗЗИН

muazzin

МУАЗЗИН, муъзин (ар. қ— азонгӯӣ), шахсе, ки аз манораи масҷид азон гуфта, диндоронро ба намоз даъват мекунад. Дар байни халқ одатан сӯфӣ, сӯфии масҷид мегӯянд. Муаззамхон бо ташаккули дини ислом пайдо шуда, ҳоло ҳам дар байни халқҳои Шарқ вуҷуд дорад.

Муфассал »

МУАЗЗАМХОН

nophoto

МУАЗЗАМХОН духтари Мирсаид (таваллуд нимаи дуюми асри 19, Хуҷанд—1917, Ҷиззах), шоираи зуллисонайн. Ашъорашро ба тоҷикию ӯзбекӣ эҷод кардааст. Зиёда аз 500 байт шеъри Муаззамхон дар шакли девони алоҳида маҳфуз мондааст. Ашъори ӯ дар баёзи хоҳараш Муаттархон низ мавҷуд аст. Ғазалҳои Муаззамхон бо равонии забон, равшании фикр ва аниқии ифода мумтозанд. …

Муфассал »

МРАВИНСКИЙ Евгений Александрович

marvinskiy

МРАВИНСКИЙ Евгений Александрович (таваллуд 22. 5. 1903, Петербург), дирижёри советӣ, Артисти Халқии СССР (1954), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1973). Соли 1931 Консерваторияи Ленинградро хатм кардааст. Солҳои 1932—38 дирижёри Teaтри давлатии опера ва балети ба номи С. М. Киров. Аз соли 1938 сардирнжёри оркестри Филармонияи Ленинград. Солҳои 1936-1937 ва аз 1961 дар …

Муфассал »

«МОҲУР»

«МОҲУР» 1) номи яке аз шӯъбаҳо дар системаи «Дувоздаҳмақом», ки дар радифи ҳафтуми 24 шӯъба ҷой дорад. Моҳур қаторовози ҳаштзинадор буда, оҳангаш ҳузнангез будааст. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Рисолаи мусиқӣ» Моҳурро дар фасли 24 шӯъбаи «Дувоздаҳмақом» зикр намуда, дар чӣ гуна пайдо шудани пардаҳои он ва таркиботашро нишон медиҳад. 2) Мақоми …

Муфассал »

«МОҲРАВШАНОН»

«МОҲРАВШАНОН» Оҳанги қадимӣ мансуб ба мутрибаи номии давраи Сосониён—Моҳравшанон. 2) Шӯъбаи мусиқӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар таркиби шӯъбаҳои «Мухайяр», «Наврӯзи Сабо» ва «Нухуш» амал дорад.

Муфассал »

МОҲИРИ АКБАРОБОДӢ

nophoto

МОҲИРИ АКБАРОБОДӢ Шайх Муҳаммадалӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1678), шоири форсизабони Ҳиндустон. Моҳири Акбарободӣ шахси таҳсилдида ва аз илмҳои зарурии замон бохабар буд. Аз улуму фунуни шоирӣ низ баҳравар гардидааст. Махсусан, ба шеъри Қудсӣ ва Калими Кошонӣ таваҷҷӯҳи зиёде дошт. Дар дарбори ҳукмронони давраш — Дорошукӯҳ ва Оламгир хидмат …

Муфассал »

МОҲАН СИНГХ

nophoto

МОҲАН СИНГХ (таваллуд 20. 10. 1905, Мардон, Ҳиндустон), шоири ҳинду. Ба забони панҷобӣ менависад. Аз оилаи табиб. Ба майдони адабиёт солҳои 20 омадааст. Мавзӯи асосии давраи аввали эҷодиёти Л. С. васфи муборизаи халқи Ҳинд ба муқобили мустамликадорон ва танқиди истисморкунандагон мебошад. Дар шеърҳое, ки шоир пас аз истиқлолияти Ҳиндустон (1947) …

Муфассал »

МОҲИИ РАКЕШ

nophoto

МОҲИИ РАКЕШ (8. 1. 1925, Амритсар, Панҷоб — 3. 12. 1972, Деҳлӣ), нависандаи ҳинду. Ба забони ҳиндӣ менавишт. Пас аз хатми Университети Панҷоб муддати даҳ сол (1947—57) дар ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳои Ҳиндустон сафар карда, дар мактабу коллеҷҳои гуногун дарс гуфтааст. Эҷодиёташ соли 1957 оғоз меёбад. Моҳии Ракеш бо ҳикоя, …

Муфассал »

«МОҲ БАР КӮҲ»

«МОҲ БАР КӮҲ» 1) Оҳанги қадимии маросимӣ-мавсимӣ, ки дар асрҳои 5—6 м. тасниф шудааст. 2) Яке аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ. 3) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи мусиқӣ дар «Дувоздаҳмақом».

Муфассал »

«МОЯ»

«МОЯ» —асл, асос), 1) яке аз шаш овозаи «Дувоздаҳмақом». Ба мақомҳои сегонаи «Рост», «Дугоҳ» ва «Сегоҳ» алоқа дорад. Абдулмӯъмин Сафиуддини Урмавӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ нағмаҳои Мошпалавро муайян кардаанд, ки бо спстемаи нотанависии имрӯза чунин мешавад: Ҳамаи оҳангҳои Мошпалав аз пардаҳои баланд оғоз ёфта, баъд ба паст мефароянд. 2) Пардаи асосӣ, …

Муфассал »