Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 78)

Маданият ва санъат

МУБОЛИҒА

МУБОЛИҒА, муболаға (ар.  — зиёд нишон додан), аз санъатҳои бадеии маънавист, ки ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти советии тоҷик бисьёр истифода мешавад. Шоир ё носир дар мидҳат ё мазаммат чандон муболиға намояд, ки аз ҳадди эътидол бигзарад ва исботи он аз муҳолот бошад ва ин бар се …

Муфассал »

«МУБАРҚАЪ»

«МУБАРҚАЪ» (ар. —бурқаъдор, пардадор, пинҳоншуда), яке аз шӯъбаҳои «Дувоздаҳмақом». Бо оҳанги махсус иҷро мешудааст. Бино ба маълумоти дастхатҳои қадим Мубарқаъ савте мебошад, ки пардаҳои он аз «Ҳусайнӣ» болотар ва аз «Аҷам» поёнтар мавқеъ доштааст. Мубарқаъ дар мусиқии имрӯза амал надорад. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Рисолаи мусиқӣ» нағмаҳои Мубарқаъро чунин эзоҳ медиҳад: …

Муфассал »

МУБАД

mubad

МУБАД, мубад (дар матнҳои забони форсии миёнапаҳлавӣ дар шакли mgwpt — магупат вомехӯрад ва аз ду ҷузъ таркиб ёфтааст: маг-мyғ ва пат—сардор, пешво), рӯҳонӣ, олим ва донишманди зардуштия. Мубадон табақаи дорои давлати Сосониён ба шумор мерафтанд. Иҷрои шарту оинҳои зардуштия, ба ҷо овардани ситоишу ниёиш, овардани қурбониҳо ва ғ. таҳти …

Муфассал »

МУАТТАРХОН

nophoto

МУАТТАРХОН     (нимаи дуюми асри 19—ибтидои асри 20, Хуҷанд), шоираи зуллисонайн. Хоҳари Муаззамхон. Роҷеъ ба ҳаёти Муаттархон маълумот кам аст. Давраи ҷавонӣ ва солҳои охири ҳаёти Муаттархон дар ш. Хуҷанд гузаштааст. Бино ба баъзе маълумот ӯ дар Ҷиззах, Самарқанд ва Пискент низ истиқомат кардааст. Бештари ашъори Муаттархон ба тасифи зебони табиат …

Муфассал »

МУАРРАБОТ

МУАРРАБОТ калимаҳои арабишуда), калимаҳои иқтибосии хориҷӣ дар таркиби луғавии забони адабии арабӣ. Процесси иқтибоси чунин калимаҳо дар забони арабӣ пеш аз ислом cap шуда, то имрӯз идома дорад. Қисми умдаи Муарработро калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ ташкил дода, дар баробари он аз забонҳои юнонӣ, лотинӣ, англисӣ, франсавӣ, туркӣ, италиявӣ ва ғ. низ калимаҳои …

Муфассал »

МУАММОӢ Саидшариф

nophoto

МУАММОӢ Саидшариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири муаммогӯи асри 15 форс-тоҷик. То аввали асри 16 зиндагӣ кардааст. Дар муаммосозӣ ба дараҷаи устодӣ расида буд. Ӯ дар фаннии муамою якчанд китобу рисолаҳо аз қабили «Асрор-уш-Ша-риф», «Маҷмаъ-ул-қавоид», «Рисолаи Шариф» (манзума), «Тӯҳфат-уш-Шариф» ва «Иҳом-уш-Шариф» таълиф кардааст.  

Муфассал »

«МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО»

«МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО» фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ, таълифи Муҳаммад ибни Шайх Лоди Деҳлавӣ. Таълифаш соли 1519 дар Ҳиндустон ба итмом расидааст. Ба қавли муаллиф дар ин фарҳанг луғати сокинони вилоятҳои гуногуни форсизабон, лексикаи мунтахаби асарҳои бадеӣ ва илмӣ, калимаву истилоҳоти аз забони намояндагони соҳаҳои гуногун ва табақаҳои иҷтимоӣ шунидааш дохил шудаанд. Фарҳанг аз …

Муфассал »

МУАЙИДУДДИНИ НАСАФӢ

nophoto

МУАЙИДУДДИНИ НАСАФӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 12 форс-тоҷик. Аслан аз Насаф буда, дар Самарқанд умр ба cap бурдааст. Шоири дарбори Қapoхониён. Яке аз қасидаҳои Муайудиддуни Насафӣ ба мадҳи Паҳлавон Ҷалолуддин ном ҳоким бахшида шудааст. Бо унвони «Паҳлавоннома» достони қаҳрамоние навиштааст, ки ба ҳамин шахс бахшида шуда, тасвиру …

Муфассал »

МУАЙЙДИ МАҲНАӢ

nophoto

МУАЙЙДИ МАҲНАӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Аз авлоди Абӯсаиди Абулхайр буда, дар шаҳри гузаштагони худ — Маҳна умр ба cap бурдаает. Муайяди Маҳнаӣ ҳамчун донандаи илмҳои зиёд ва вожаи забардаст машҳур буда, бештар ашъори ирфонӣ навиштааст. Дар тазкира ва дигар манбаъҳои адабӣ Муайяди Маҳнаӣ ҳамчун …

Муфассал »

МУАЙИДИ ДЕВОНА

nophoto

МУАЙИДИ ДЕВОНА ( таваллуд номаълум — вафот 1464), шоир ва орифи асри 15 форс-тоҷик. Муайяди Девона яке аз муътақидони Абӯсаиди Абулхайри Маҳнаӣ будааст. Сабаби «Девона» лақаб гирифтанаш дар он будааст, ки даъвои подшоҳӣ карда, Хуросонро дар байни муридонаш тақсим намуда буд. Вақте ки байни Ҳусайни Бойқаро ва Абӯсаид Мирзо ихтилоф …

Муфассал »