Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 75)

Маданият ва санъат

МАҶЛИСИИ БУХОРОӢ

nophoto

МАҶЛИСИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 ӯзбек. Дар охири асри 15 —нимаи аввали асри 16 умр ба cap бурдааст. Аслан аз Хоразм буда, бештари ҳаёташ дар Бухоро гузашта ва ба ӯзбекию тоҷикӣ шеър навиштааст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар «Музак- кир-ул-аҳбоб» ӯро маҷлисоро ва ашъорашро хубу суханонашро …

Муфассал »

MАҶЗУБ

MАҶЗУБ (ар.— ҷазб кар­дан, ба худ кашидан), дар тасаввуф инояти илоҳиро гӯянд, ки соликро бидуни кӯшишу муноҳада ба маърифати ирфонӣ ҳидоят мекунад. Ба ақидаи аҳли Маҷзуб ҷахду кӯшиши инсон дар роҳи маърифат ва вусул ба ҳақ кофӣ намебошад ва кӯшиши ғайбӣ низ барои он лозим аст. Аз ин рӯ, худованд …

Муфассал »

МАҶДУДДИНИ БАҒДОДӢ

nophoto

МАҶДУДДИНИ БАҒДОДӢ Абӯсаид Шараф ибни Муайяд ибни Абулфатҳ (соли таваллуд номаъ­лум, Бағдодаки Хоразм —1216/17, Хоразм), мутафаккир ва шоири мутасаввифи асри 13. Муриди Наҷмуддини Кубро ва муршиди Фаридуддини Аттор. Маҷдуддини Бағдодӣ дар байни халқҳои Шарқи Наздику Миёна шӯҳрат доштааст. Маҷдуддини Бағдодӣ то синни 18-солагӣ ҳикмат, забони арабӣ, фиқҳ, тиб ва нуҷуму …

Муфассал »

МАҶДИ ҲАМГАР

nophoto

МАҶДИ ҲАМГАР Ҳиббатуллоҳ, Маҷдуддини Яздии Шерозӣ (соли таваллуд номаълум—вафот 3. 4. 1287, Исфаҳон), шоири форс-тоҷик. Дар Язд таваллуд шуда, дар хурдсолӣ ба Шероз рафтааст. Азбаски падараш дар хизмати дарбор буд, ӯ ҳам ба дарбор роҳ меёбад. Вале зиндагиаш дар дарбор хуш нагузаштааст. Баъд аз истилои муғул ба Кирмон мера­вад, вале …

Муфассал »

МАҶДИ ХОФӢ

nophoto

МАҶДИ ХОФӢ Мулло Маҷдуддин (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), насрнависи форс-тоҷик. Давраи зиндагии ӯ ба охири асри 13 ва нимаи аввали асри 14 рост меояд. Зодгоҳаш Хоф ном деҳаи Нишопур аст. Аз ин рӯ бо нисбан «Хофӣ» машҳур гаштааст. Мувофиқи маълумоти «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ ва асари ягонаи то …

Муфассал »

МАҶ

МАҶ номи ровии гумонии Рӯдакӣ. Ровӣ доштани Рӯдаки ва Маҷ будани номи ӯро бори аввал соли 1931 Саид Нафисӣ баён карда буд. Ӯ ба­рои тасдиқи ин фикр як байти ху­ди Рӯдакӣ — Эй Маҷ, кунун ту шеъри ман аз бар куну бихон. Аз ман дилу ситоишу аз ту тану равон …

Муфассал »

МАҲНУРИ ДАРВОЗӢ

nophoto

МАҲНУРИ ДАРВОЗӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1906), шоири тоҷик. Дар ноҳияи Вахиё (райони пештараи Тавилдара, ҳозира Комсомолобод) дар оилаи марди деҳқон ва шоир — Вола таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гузарондааст. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафтах мадрасаро хатм намуд ва ба хидмати дарбори амир Абдулаҳад ҷалб …

Муфассал »

МАҲҶУБА

nophoto

МАҲҶУБА (тахалл. номаш Суфуро; 1895, Бодгис —1967, Ҳирот), шоираи афғон. Аз оилаи муншӣ. Гузаштагонаш аз Хоразм будаанд. Дар назди падараш илмҳои фиқҳ, адабиёт ва сарфу наҳви арабиро омӯхта, аз 14-солагӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Зиёда аз 30 сол дар лицеи Меҳрӣ муаллим ва мураббии духтарон будааст. Яке аз аъзоёни фаъоли анҷумани …

Муфассал »

МАҲҶУБ

nophoto

МАҲҶУБ Муҳаммад Аҳмад (таваллуд 17. 5. 1908, Аддуайм), нависанда, мунаққид ва ходими давлатии араб (Судон). Маълумоти олии ҳуқуқшиносиро дар Англия гирифтааст. Солҳои 1965—69 сарвазири Судон буд. Дар асари «Ҳаракати ғоявӣ дар Судон ба куҷо бояд равона шавад?» (1941) принципҳои асосии тараққиёти адабиёти нави миллиро баён карда, назарияи зиддиилмии «махсусияти шахсияти …

Муфассал »

МАҲФИЛИ АДАБӢ

МАҲФИЛИ АДАБӢ, анҷумани эҷодии адибони ҳамфикру ҳамрӯҳия. Дар таърихи адабиёти тоҷик Маҳфили аадабӣ бештар дар дарбори шоҳону ҳокимон ташкил меёфт. Дар ин ҷамъомадҳои адабӣ аксари шоирон қасидасароӣ мекарданд. Аммо берун аз дарбор ҳам маҳфилҳои адабӣ вуҷуд доштанд. Назар ба маълумотҳо дар хонаҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишерн Навоӣ, дар асри 19 ва …

Муфассал »