Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 53)

Маданият ва санъат

СЕТОР

СЕТОР, асбоби тории мусиқист, ки бо мизроб (нохунак) менавозанд. Косааш мурудшакл, аз чӯби тут ё чормағз сохта мешавад. Барои мавҷнокии садо сарпӯшро 5—6 сӯрохча мекунанд. Сетор дастаи дароз дорад, ки он бо пардаҳои диатоникӣ ҷудо карда шудааст (бо роҳи бастан). Шумораи онҳо 18—22 (асосан 18—19 пардаи асосӣ ва 3—4 пардаи …

Муфассал »

«СЕСАМ»

«СЕСАМ» шешам 1) оҳанги қадимӣ, аз таснифоти Накисои Чангӣ. Сесамро бештар дар маросими киштукор иҷро мекардаанд. 2). Яке аз сурудҳои машҳури асрҳои 11—12, ки он дар ҳаёти мусиқии шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд мавқеи калон доштааст. 3) Шӯъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом».

Муфассал »

СЕРЕНАДА

СЕРЕНАДА (франсавӣ Serenade, аз италиявӣ Serenata аз sera— шом), 1) сурудҳои ишқӣ дар васфи маъшуқа. Дар заминаи «сирена», «сурудҳои шомӣ»-и трубадурҳои провансалӣ пайдо шудааст. Одатан бо ҳамовозии мандолина, лютня ва гитара иҷро мегардид. Бо мурури замон Серенада ба опера роҳ ёфт («Дон Жуан»-и П. Моцарт, «Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Россини) ва …

Муфассал »

СЕНТИМЕНТАЛИЗМ

СЕНТИМЕНТАЛИЗМ (франсавӣ sentimentalisme, аз англисӣ sentimental — ҳассос, аз франсавӣ sentiment — ҳиссиёт), ҷараёнест дар адабиёт ва санъат, ки нимаи дуюми асри 18 дар Европаи Ғарбӣ ва Россия дар заминаи муборизаи буржуазия ба муқобили ашрофи феодалӣ ба миён омад. Сентиментализм аввал дар Англия шакл гирифт. Дар асарҳои як гурӯҳ нависандагони …

Муфассал »

СЕМИНАР

СЕМИНАР (лотинӣ seminarium — парваришгоҳи растанӣ, маҷозан манбаъ, мактаб), як намуди асосии машғулияти амалист, ки дар он ахборот маъруза ва рефератҳоро ба муҳокимаи ҳонандагон мегузоранд ва ба он муаллимон роҳбарӣ менамоянд. Семинар шакли мустақили машғулияти таълимии тематикӣ низ буда метавонад.

Муфассал »

СЕКВЕНСИЯ

СЕКВЕНСИЯ (аз лотинӣ seguentia — ҳамроҳӣ), оҳанги муайян ва ё порчае аз оҳанги бисёровозаи мусиқист, ки дар ҳолати маълум дар байни фосилаҳо пасту баланд шуда тағйир намеёбад. Секвенсия дар инкишофи оҳанг ва ё комплекси мусиқии бисёровозӣ воситаи муҳим буда, дар мусиқии халқӣ ва асарҳои бастакорон низ вомехӯрад. Секвенсия дар қисми …

Муфассал »

СЕГОҲ

СЕГОҲ 1) шӯъбаест дар мақоми « Ҳиҷоэ» ва овозаи «Гавашт»-и «Дувоздаҳмақом». 2) Оҳанге, ки аз пардаи (лаҳни) сеюм ибтидо меёбад. 3) Номи мақоми панҷуми «Шашмақом». Сегоҳ аз қисми созӣ ва овозӣ иборат буда, қисми овозиаш ду шӯъба дорад. Қисми созии Сегоҳ  дорои 8 оҳанг («Таснифи Сегоҳ», «Тарҷеъи Сегоҳ», «Хафифи Сегоҳ», «Гардуни …

Муфассал »

СЕ – сои мусалласа

СЕ, сои мусалласа, номи ҳарфи чоруми алифбои арабӣ ва панҷуми алифбои арабӣ асоси тоҷикӣ. Дар забони адабии имрӯзаи тоҷик Се ба монанди С (эс) талаффуз мешавад. Талаффузи ин ҳарф дар забони араби аз талаффузаш дар забони тоҷикӣ фарқ дорад. Ҳарфи аз ҳарфи «тав» ( хати финиқӣ) пайдо шудааст. Маънои калимаи …

Муфассал »

САҶҶОД ЗОҲИР

САҶҶОД ЗОҲИР Саид (05. 11. 1905, Лакҳнав—11. 09. 1973, Алма-Ато), нависанда, ходими ҷамъиятии Ҳиндустону Покистон. Ба забони ҳиндӣ ва урду менавишт. Аъзои Партияи Коммунистии Ҳиндустон (ПКҲ) аз соли 1932; солҳои 1943—1948 аъзои КМ он буд. Университетҳои Лакҳнав ва Оксфордро хатм кардааст. Соли 1929 ба сафи Партияи Коммунистии Британияи Кабир дохил …

Муфассал »

САҶЪ

САҶЪ (арабӣ—овози мурғи хушхон), санъати бадеист, ки мувофиқи талаботи он бояд ҷумлаву ибораҳо дар наср ё мисраю байти шеър ба порчаҳо тақсим шавад, ё дар охири порчаҳо калимаҳое оянд, ки онҳо ё дар қофия, ё дар вазн ва ё дар ҳарду мутобиқи ҳамдигар бошанд. Вобаста ба талаботи дуюм Саҷъро ба …

Муфассал »