Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 135)

Маданият ва санъат

Оҳанги «Нози Наврӯз»

0

«Нози Наврӯз» оҳанги, суруди маросимӣ — мавсимии қадимӣ ки Борбади Марвӣ тасниф намудааст. 2. Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3. Гӯшаи иловагии созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Наврӯзиҳоро», «Наврӯзи Аҷам» ва «Наврӯзи сабо» («Дувоздаҳмақом»), ки барои барҷастатар ва гуворо садо додани қисмҳои созии ин шӯъбаҳо истифода менамуданд.

Муфассал »

Нодирхоҷаи Азизон

Нодирхоҷаи Азизон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асри 16 тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Санъати мусиқиро аз падараш Хоҷамқули Азизони Андхӯй омӯхтааст. Дар ибтидо навохтани ной, рубоб, танбур ва дойраро аз худ карда, зимни ин дар сурудани таронаҳои марсияви истеъдоди баланд доштааст. Дар назарияи мусиқӣ рисолае тасниф карда, дар …

Муфассал »

Нодирпур Нодир

0

Нодирпур Нодир (таваллудаш 1929, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1948 барои идомаи таҳсил ба Франсия рафт. Се сол дар Париж ба омӯхтани адабиёти франсавӣ машғул буд. Соли 1951 ба ватанаш баргашт ва минбаъд дар Вазорати фарҳанг ва ҳунар кор кард. Солҳои 1965—1968 дар Франсия …

Муфассал »

Нодирии Самарқандӣ

Нодирии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1588), шоири тоҷик. Нодирии Самарқандӣ аз донишмандон ва шоирони намоёни Самарқанд бу­да, дар мадҳу таърифи Низом ном шахсе бисёр шеър гуфтааст. Баъд аз носозгориҳои рӯзгор дилгир шуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Ба дар­бори Ҳумоюн роҳ ёфт ва дар мадҳи ӯ қасидахо дорад. Мероси адабии Нодирии …

Муфассал »

Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ

Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ (соли  таваллудаш номаълум— вафоташ 1549), шоири форс- тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, дар Самарқанд камол ёфтааст. Аз ин рӯ нисбаи «Самарқандӣ» низ гирифтааст. Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ дар аввали умраш ба ҳунармандӣ ва косибӣ машғул буд. Баъдтар ба омӯзиши илму донит пардохт ва ҳамчун шахси донишманд шинохта …

Муфассал »

Нодира Моҳларойим

0

Нодира (тахаллусаш; номаш Моҳларойим; 1792, Андиҷон —1842, Хӯҷанд), шоираи ӯзбеку тоҷик. Аз оилаи ашроф. Завҷаи Умархони Амирӣ (1809—1922). Ба ӯзбекӣ ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Шеърҳои тоҷикиашро бо тахаллуси «Макнуна» ё «Комила» менавишт. Баъд аз вафоти Умархон писари 14-солаи ӯ Муҳаммадалихон ба тахт нишаст. Лекин давлатро асосан Нодира идора мекард. Ӯ …

Муфассал »

Нодир Шанбезода Ҷамшед

0

Нодир (тахалл.; фамиля ва номаш Шанбезода Ҷамшед; таваллудаш 20.6. 1908, деҳаи Роштқалъаи pайони Шуғнони ВАБК), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли КПСС аз соли 1931. Университети коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кард (1932). Солҳои 1933 —1940 дар вазифаҳои котиби Комитети партиявии райони Шуғнон, мудири шӯъбаи Комитети нартиявии …

Муфассал »

Нодир Муллодӯсти Бойсунӣ

Нодир Муллодӯсти Бойсунӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1923), шои­ри тоҷик. Пас аз хатми Мадраса бо корҳои давлатии аморати Бухоро шуғл варзидааст. Вай мударрис, муфтӣ, инчунин дар шаҳри Қаршӣ қозӣ буд. Тазкиравависон, аз ҷумла Мирзо Салимбек (қисмати илҳоқии «Тазкират-уш-шуаро»-и Возед) назму насри Нодирро бо калимаву иборати тумтарок таърифу тавсиф намуда, …

Муфассал »

Нодими Ҳисорӣ

Нодими Ҳисорӣ (Соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Чанд муддат дар Ҳиндустон ҳам иқомат дошт. Нодими Ҳисорӣ шоири қаландарваше буда, умри худро бо сайру саёдат гузаронидааст. Малҳдои Самарқандӣ хабар медиҳад, ки Нодими Ҳисорӣ ба камбағалону бенавоён таваҷҷӯҳи зиёд дошт, ҳамеша бо …

Муфассал »

Нодими Истарафшанӣ Муҳаммадсолеҳ

Нодими Истарафшанӣ Муҳаммадсолеҳ (1783 — Истаравшан — 1841—1942, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ. Нодими Истарафшанӣ ба шеъргӯӣ а хурдсолӣ cap кардааст. Пас аз хатми таҳсил Нодими Истаравшанӣ ҳамчун шоир шӯҳрат пайдо кард. Баъдтар ӯ ба чанде аз шаҳрҳои Мовароуннаҳру Осиёи Хурд сафар пеш гирифт. Аз …

Муфассал »