Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 133)

Маданият ва санъат

Носири Xатиби Шафъавӣ

Носири Xатиби Шафъавӣ Ҳоҷи Носируддин Ҳусайн ибни Ҳиббатуллоҳ ибни Ҳусайн (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 14 форс-тоҷик. Роҷеъ ба ҷараёни зиндагӣ ва илмомӯзии ӯ маълумоте пайдо нест. Бино ба ишораи Саид Нафисӣ (дар «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ яке аз донишмандон ва шоиронн …

Муфассал »

Носири Бухороӣ

Носири Бухороӣ Шоҳдарвеш ё Дарвеш Но­сир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1371—1372), шоири форс-тоҷик. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташро дар Бухоро гузаронида, пас аз таҳсил ба сабаби фақирӣ ва тангдастӣ ба шаҳрҳои Хуросон, Озарбойҷон ва Ироқ сафар кардааст. Зиндагии фақирона ва тангдастона доштани ӯро чанде аз тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самардандқӣ …

Муфассал »

Носири Балҳӣ

Носири Балҳӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Аз вилояти Балх. Яке аз мансабдорони давлати аштархонӣ буд ва ба шеъру шоири таваҷҷуҳи зиёде дошт. Малеҳои Самарданқӣ дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» хабар медиҳад, ки Носири Балҳӣ баробари пеш бурдани корҳои давлатӣ, пайваста шеър менавишт, соҳиби девони тамом буд ва …

Муфассал »

Носиралии Сарҳиндӣ

Носиралии Сарҳиндӣ (соли таваллуд номаълум—вафоташ 1697, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар Сарҳинд таваллуд шуда дар ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифтааст. Аз Носиралии Сарҳиндӣ девони ғазалиёту рубоиёт боқӣ мондааст. Маснавии «Маноҳар ва мадҳомалат» ва манзумаҳое дорад, ки дар онҳо музофоти мухталифи Ҳинд ва урфу одати мардуми он тасвир ёфтаанд. Носиралии Сарҳинд …

Муфассал »

Носеҳи Xатлонӣ

Носеҳи Xатлонӣ Абдурраҳмонхоҷа ибни Мирзоподшоҳ (таваллудаш 1767-1768, Хатлон — соли вафоташ номаъ­лум), шоири тоҷик. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Баъдан барои иқомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми таҳсил дар Бухоро сокин шуд. Ба шаҳрҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Тошканду Хуҷанд сафар кардааст. Аз Носеҳи Xатлонӣ девони …

Муфассал »

Носеҳ Мирзо Араб

Носеҳ Мирзо Араб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Дар мавзеи Аббосободи Исфаҳон ба дунё омадааст. Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас дар Табрез зиндагиву эҷод кардааст. Аз ин рӯ, дар баъзе тазкираҳо ба нисбаи «Табрезӣ» ёд мешавад. Соиб ба Носеҳ эътиқоду эҳтиром дошта, ба якчанд ғазали …

Муфассал »

Газета «Норак»

0

«Норак» – ин газета, органи комитети шаҳрии Партияи Комунистии Тоҷикистон ва комитети иҷроияи шаҳрии совети депутатҳои халқии шаҳри Норак ва управленияи «Норак-гэсстрой». Аз соли 1962 бо тиражи 1400 нусха ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд.

Муфассал »

Номии Самарқандӣ

Номии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Замони таълифи тазкираи Малехои Самарқанди (1688) Номии Самарқандӣ 80 сол дошта, дар шеъру шоирӣ шӯҳрат ёфта будааст. Зоҳираи ӯ бештар бо мутоиботаш писанди муосирон шудааст. Зеро Мале­ҳои Самарқандӣ аз девони ашъори Номии Самарқандӣ …

Муфассал »

Номии Исфаҳонӣ

Номии Исфаҳонӣ Мирзо Муҳаммадсодиқи Мусавӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1790), шоир ва таърихнависи асри 18 эронӣ. Анҷоди Номии Исфаҳонӣ аз Шероз буда, дар замони ҳукмронии Сафавиён ба Исфаҳон омадаанд. Номии Исфаҳонӣ мувофиқи маълумо­ти тазкираҳо дар ҷавонӣ «машқи иншо карда, дар назму наср вуқуфе ҳосил» менамояд. Дар Шероз ба хидмати …

Муфассал »

Номии Баҳқарӣ

Номии Баҳқарӣ Мирмуҳаммад Маъсум ибни Мирсайид Сафоии Тирмизӣ (соли таваллудаш номаълум, Баҳкари Ҳиндустон — вафоташ 1610, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Номии Баҳқарӣ баъд аз сари падараш ба Кангрӣ омада, илм меомӯзад. Номии Баҳқарӣ дар илму шоирӣ шӯҳрат ёфта, ба хизмати Акбаршоҳ даромад. Соли 1603 Номии Баҳқарӣ аз тарафи Акбаршоҳ …

Муфассал »