Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 131)

Маданият ва санъат

Нурулҳақи Баҳрин

Нурулҳақи Баҳрин ибни Абдулҳай ибни Мавлоно Абдулқаҳҳор (тақрибан 1860, деҳаи Сангевни Қалъаихум — 1915, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар ва Маҳдуми Аълам ном ҳамдеҳааш гирифт. Дар 21-солагӣ ба Бухоро рафта 10 сол дар мадрасаи Кӯкалтош таҳсил кардааст. Пас аз таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, масҷиди кӯҳнаеро обод …

Муфассал »

Нуруллоҳи Шуштарӣ

Нуруллоҳи Шуштарӣ Амир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1611), насрнавис ва шоири форс-тоҷик. Нуруллоҳи Шуштарӣ  яке аз бузургони Шуштар буда, дар замони Акбар ба Ҳиндустон рафта, дар Лоҳур ба мансаби қозигӣ расидааст. Нуруллоҳи Шуштарӣ бо унвони «Манолис-ул-мӯъминин» ва «Аҳқоқ-ул-ҳақ» ду асар навиштааст. Ӯ дар шеър Нурӣ тахаллус мекардааст ва ғазалро …

Муфассал »

Нуруддини Насавии Муншӣ

Нуруддини Насавии Муншӣ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Зайдарй ё Харандазӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнавис ва шоири асри 12 форс-тоҷик. Баъд аз касби камол соҳиби девони иншои Ҷамолуддини Хоразмшоҳ гардида, дар сафарҳои вай ҳамроҳӣ карда, саргузаштҳои ӯро дар китобҳояш шард додааст. Аз ӯ ду асар боқист, …

Муфассал »

Нуруддини Ибни Абдураҳмон

0

Нуруддини Ибни Абдураҳмон Ибин Абдулқодири Гӯянда (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, навозанда ва бастакори асри 15 форс-тоҷик. Писари Абдулқодири Гӯянда (Мароғӣ). Дар Исфаҳон таваллуд ёфта, дар Истамбул вафот кардааст. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Дар санъати сарояндагй, навозандагй ва назарияи мусиқи истеъдоди фавқулодда дошта, асарҳои зиёде эҷод кардааст. Падараш асари …

Муфассал »

Нуриҷаҳонбегим Меҳруннисо

Нуриҷаҳонбегим Меҳруннисо (1577, Қандадор — 1645, Лоҳур), шоираи форсизабони Ҳиндустон. Бо тахаллусҳои «Нур ва «Махфӣ» шеър гуфтааст. Дар оилаи яке аз амалдорони Акбар Мирзо Ғиёсуддин ба дунё омадааст. Зани фозилу донишманд ва сиёсатмадоре будааст. Ҳангоми ҳукмронии Акбар ба ҳокими Бангола — Шерафканхон ба шавҳар дода шуд, лекин Ҷаҳонгир пас аз …

Муфассал »

Нурии Табрезӣ

Нурии Табрезӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Бино ба қавли Саид Нафисӣ (дар «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ ғазалсаро буда, ғазал бисёр гуфтааст. Аз рӯи ишораи Соммирзои Са­фавӣ (дар «Тӯҳфан Сомӣ») Нурии Табрезӣ «қасида бисёр гуфта, хеҷ касро дар шеър қабул …

Муфассал »

Нурии Исфаҳонӣ

0

Нурии Исфаҳонӣ Қозӣ Нуруддин Муҳаммад (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1591), шоири форс-тоҷик. Нурии Исфаҳонӣ аз мардуми Андмони Исфаҳон буда, дар ҷавонӣ дар Исфаҳон илм омӯхтааст ва баъд ба Қазвин рафта, касби камол кардааст. Дар он ҷо муддате ба Хоҷа Афзалуддини Тарака ва Мир Фахруддини Самокӣ — донишмандони замонаш шогирдӣ …

Муфассал »

Асари «Нузҳат-ул-қулуб»

«Нузҳат-ул-қулуб» асари географию космографиест, ки дар он ҳудуди Эрон, Озарбойҷон, Ироқ ва Осиёи Хурд тасвир ёфта аст. Онро Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ тақрибан солҳои 1339—1340 таълиф намуда, дар бораи ҳар як вилоят, обёрӣ, зироат, ҳосил, ҳунармаядӣ ва хироҷи он маълумот овардааст. Ад.:     М и к л у х о-М а к л …

Муфассал »

Нузҳатномаи алоӣ

«Нузҳатномаи алоӣ»  (номаи тафарруҷ барои Алоуддавла), асари энсиклопедӣ, таълифи Шоҳмардон ибни Абулхайр, ки дар Астаробод таълиф шудааст. Ин асар аз илмҳои даври худ, пеш аз ҳама илмҳои табиию таърих баҳс мекунад. Мундариҷаи он чунин аст: табиати инсон ва анатомияи вай, ҳайвонот, наботот, фулуззот ва маъданиёт, чор унсури табиат, риёзиёт, ҳайат, …

Муфассал »

Нузҳат

Нузҳат Мулло Насруддинмаҳдуми Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири охири асри 18 ва аввали асри 19 тоҷик. Дар Бухоро таҳсил карда­аст. Дар аксари илмҳои замонаш қудрат дошта, махсусан дар техни­ки рамлу шеър ва маънии онҳо устод будааст. Чунонки Абдӣ дар тазкирааш мегӯянд, Нузҳат ашъори дилписанд, алфози матин ва ибороти …

Муфассал »