Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 123)

Маданият ва санъат

Орлова Любов Петровна

Орлова Любов Петровна

Орлова Любов Петровна (11. 2. 1902, Звенигород, ҳозира вилояти Моск­ва — 27. 1. 1975, Москва) актрисаи советии рус, Артисти Халқии СССР (1950). Дар Кон­серватория (1919 —22) ва техникуми театрии Моск­ва (қисми хореографӣ; 1922—25) таҳсил намудааст. Солҳои 1926—33 дар Театри мусиқии ба номи В. И. Не­мирович-Данченко кор кардааст. Фаъолияти эҷодии акт­риса …

Муфассал »

Орлов Александр Сергеевич

Орлов Александр Сергеевич

Орлов Александр Сергеевич (4. 2. 1871, Москва — 6. 3. 1947, Ленин­град), адабиётшиноси советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1931). Факултети таъриху филологияи Университети  Москваро хатм кардааст (1895). Дар ҳамон университет ва мактабҳои олии дигар муаллим буд. Аз соли 1933 муассис ва роҳбари Шуъбаи адабиёти қадими руси Хонаи Пушкин. Муҳимтарин таълифи …

Муфассал »

Оркестри симфонии филармонияи давлатии Тоҷикистон

Оркестри симфонии филармонияи давлатии Тоҷикистон

Оркестри симфонии филармонияи давлатии Тоҷикистон, коллективи эҷодии навозандагонест, ки соли 1965 дар назди Фи­лармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтааст (роҳбараш Ю. Евсе­ев буд). Оркестр дар ташвиқу тарғиби асарҳои бастакорони классикии ҷаҳони, рус, советӣ ва тоҷик роли ка­лон мебозад. Дар барномаҳои Оркестр асарҳои Л. Бетховен (симфонияи 3 ва 5), П. И. Чайковский …

Муфассал »

Оркестри асбобҳои халқи

Оркестри асбобҳои халқи

Оркестри асбобхои халқии комитети давлатии телевизион ва радиошунавонӣ, коллективи эҷодии навозандагонест, ки соли 1938 ҳамчун Оркестри асбобхои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ташкилкунанда ва асосгузори Оркестр бастакорон — А. С. Ленский (роҳбари бадеӣ), А. Комолов (дирижер) буданд. Оркестр солҳои 1941 ва 1957 дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар …

Муфассал »

Оркестр

Оркестр

Оркестр (аз юнонӣ orchestra — майдончаи назди саҳнаи театр дар Юно- ни Қадим), коллективи калони мусиқинавозонест, ки бо асбобҳои гуногуни мусиқӣ асари барои онҳо эҷодшударо ,иҷро мекунанд. Тафовути Оркестр аз ансамбли созӣ ин аст, ки агар дар ансамбл ҳар партия аз ҷониби як навозанда иҷро шавад, дар Оркестр баъзе партияҳо …

Муфассал »

Орифӣ

Орифӣ (тахаллус; Фатҳуллоҳ ибни Котиби Дарвеши Шерозӣ; соли таваллуд номаълум — вафот 1562), шоир ва муаррихи эронӣ. Асарҳояшро ба забонҳои форсӣ ва туркӣ эҷод карда­аст. Шоҳномачии (шахсе, ки таърихи манзуми ҳукмронии султонҳои Туркияи усмониро менавишт) султони Туркия Сулаймони 1 (ҳукмронии 1520—66) буд. Ба қалами ӯ таърихҳои манзум дар шакли маснавӣ …

Муфассал »

Орифи Xиравӣ

Орифи Xиравӣ Мав­лоно Махдум (1388, Ҳирот —1449, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз зиндагӣ ва таҳсили Орифи Xиравӣ маълумоте дастрас нест. Ӯ марди хуштабъ бу­да, бо номи Салмони Сонӣ маъруф будааст. Ин номро аз он ҷиҳат ба ӯ нисбат додаанд, ки ба мисли Салмо­ни Соваҷӣ марди обиду порсо буда, табъу қудрати …

Муфассал »

Орифи Қазвинӣ

Орифи Қазвинӣ Мирзо Абулқосим (1882, Қазвин — 1933, Ҳамадон), шоири эронӣ. Аз оилаи мулло. Ҳамчун шоир ва ҳофиз дар солҳои Револютсияи Эрон (1905—11) шӯҳрат ёфт. Орифи Қазвинӣ дар ин солҳо дар кӯчаву майдони шаҳрҳо консерт барпо кар­да, ашъорашро худаш ба оҳанг да­роварда мехонд. Махсусан таснифҳои танқидие, ки бо оҳанги суруду …

Муфассал »

Орифи Чоёбӣ

Орифи Чоёбӣ Абдуллоҳ (1882, Чоёби Афғонистон — 1944), шоири афғон. Аз оилаи тоҷир. Дар мадрасаи зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Дар корҳои савдо ба падараш ёрӣ дода, ба шаҳрҳои Бухоро, Хӯқанд ва ғайра мусофират кардааст. Орифи Чоёбӣ бо аҳли илму адаби шаҳрҳо ошноӣ пайдо карда, дар махфилҳои бедилхонӣ иштирок намудааст. Шеърҳои …

Муфассал »

Ориф Ҷалолуддин

Ориф Ҷалолуддин Муҳаммади Шерозӣ (1555—1601), шоир ва орифи форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тасав­вуф ба яке аз муридони Абдурраҳмони Ҷомӣ — Мавлоно Муҳаммади Рӯҳӣ пайпавӣ мекард. Манбаъҳои адабӣ ва ирфонӣ Орифро ҳамчун мутасаввифи маъруф ёд мекунанд. Ориф асосан рубоиҳои орифона эҷод кар­дааст.

Муфассал »