Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 122)

Маданият ва санъат

Пант Сумитрапандан

Пант Сумитрапандан (20. 5. 1900, Каусани, округи Алмора — 1978), шоири ҳинду. Ба забони ҳинди ме­навишт. Дар пайравии Р. Такур ва нависандагони романтики европоӣ асар эҷод кардааст. Шеърҳои лирикии давраи ҷавониаш (маҷмӯаҳои «Гунҷаҳо”, 1928; «Нағмаи занбури асал», 1932) аз меҳру муҳаббат ба ватан ва ҳиссси ватандӯстӣ саршоранд. Дар назми солҳои …

Муфассал »

Паноҳии Ҳамадонӣ Мавлоно

Паноҳии Ҳамадонӣ Мавлоно ибни Хоҷа Майрамбек (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Дар ғазал маҳорат зоҳир карда, аз ин ҷиҳат сазовори обрую эҳтиром гардида буд. Девони ашъораш дастрас нагардидааст. Ашъори парокандааш дар баёзу сарчашмаҳои адабӣ ба назар мерасанд.

Муфассал »

Панно

panno

Панно (аз лотинӣ раnnus — порчаи матоъ), 1) изораи девор ё ҳошияи сақфи бино, ки дар он расм ва ё нақш кашида бошанд. 2). Як намуди санъати тасвирӣ, ки асосан барои ороиш аст; аз равған ва темпера истифода мебаранд. Дар нитерер ва экстерерн бино, доимӣ ва муваққатӣ месозанд. Дар Юнон, …

Муфассал »

Панин

panin

Панин (асрҳои 5—4 то мелод) забоншиноси Ҳиндустони қадим. Яке аз асосгузорони забоншиносӣ, ки назарияҳои структурализм, семиотика ва мантиқи забоншиносиро ба миён овардааст. Дар шаҳри Таксил таҳсил кардааст. Намояндаи мактаби забоншиноси Ҳиндустони Шимолӣ. Панини аввалин шуда дар Ҳиндустон грамматикаи нормативии забони ҳиндии қадим — «Аштадҳйаи» («Ҳашт китоб»)-ро навиштааст. Ҳар китоби он …

Муфассал »

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1905), шоири тоҷик. О. аз оилаи сарватманд буда, дар хурдсолӣ аз падару модар ятим мондааст. Дар Мадраса таҳсил кардааст. О. аз шарикдарсони устод Айнӣ буд. Ҳангоми таҳсил дар Мад­раса машқи шеър кардааст. Дар шеър таълими Мулло Холӣ ном шоири ӯротеппагиро гирифтааст. Аммо …

Муфассал »

Осафии Ҳиравӣ

Осафии Ҳиравӣ (1449, Ҳирот — 1517, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Осафии Ҳиравӣ соҳиби зеҳни салим ва табъи баланд буда, дар доираи адабии Ҳирот, ки ба он Ҷомӣ сарварӣ мекард, мақоми хос дошт. Осафии Ҳиравӣ яке аз шогирдони бомаҳорати Ҷомӣ буд. Аксари тазкиранигорон ӯро яке аз …

Муфассал »

Орӣ Саидаҳмад

Орӣ Саидаҳмад ибни Шоҳабдурадим (1884—1918, Қалъаихум), шоири тоҷик. Дар Дарвоз ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол кардааст. Дар шеъру шоирӣ шавқу завқи зиёде дошта, шеърҳояш дар байни халқ маъмулу мақбул гаштаанд. Ашъори Орӣ дар баёзу маҷмӯаҳои қа­ламӣ дарҷ гардидаанд.

Муфассал »

Орфей

Орфей

Орфей, ҳофизи афсонавии Фра­кия, писари олиҳа Каллиопа. Бино ба ривоятҳои аҳди қадим сурудҳои ҳайратангези ӯ одамон ва ҳатто худоёнро мафтун карда, қувваҳои ваҳ­шии табиатро ром кардаанд. Дар афсонаҳои юнонӣ Орфей эҷодкунандаи шеъру мусиқӣ васф шудааст. Орфей дар адабиёти бадеӣ, санъати тасвирӣ ва мусиқии халқҳои гуногун нақши равшан гузоштааст.

Муфассал »

Ортиқов Болта

Ортиқов Болта (таваллуд 5. 5. 1924, Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи музадӯз. Соли 1952 фак­ултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Самарқандро ба итмом расонд. Муддате муаллими мактабҳои миёнаи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва пас мудири шуъбаи мактабҳои журнали «Пионер» (ҳоло «Машъал») ва мухбири махсуси газетаи «Маориф ва …

Муфассал »

Ороиши Хуршед

«Ороиши Хуршед» 1) Оҳанги қадими, ки Борбади Марвӣ ба (муносибати ҷашни Наврӯз тасниф намудааст. 2) Суруди аввал аз силсилаи «Сигона »-и Борбади Марвӣ. 3) Шуъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи мусиқӣ дар дохили шуъбаҳои «Наврӯзи хоро» ва «Наврӯзи Аҷам» — «Дувоздаҳмақом». 5) Суруди маросимии мардуми Бухоро, ки дар рӯзҳои саршавии …

Муфассал »