Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 111)

Маданият ва санъат

БОТТИЧЕЛЛИ Сандро

botticheli-sandro

БОТТИЧЕЛЛИ Сандро (аслан Алессандро Филиппепи) (1444, Флоренсия-1510, ҳамон ҷо), рассоми итолиёии даврони Эҳё. Дарси маҳоратро аз рассоми машҳур Филипо Липпи омӯхтааст. Бештар ба манзаранигорӣ ва порт­рет таваҷҷух дошт, ҳарчанд доманаи эҷодаш ниҳоят фарох аст. Аз асотир ва адабиёти атиқа бо маҳорати баланд истифода бурдааст. Мусаввараҳояш бо банду баст ва мувозинати …

Муфассал »

БОТИНӢ

images

БОТИНӢ шоири тоҷик (асри 15). Дар зодгоҳаш – шаҳри Балх таҳсил кардааст. Пас аз касби камол ба хидмати Алишери Навоӣ роҳ ёфт. Бо нияти ҳаҷ ба сафар баромада, пас аз адои фаризаи мазкур чун дарвешон дар кишварҳои гуногуни Шарқ рӯз мегузаронд. Алишери Навоӣ аз ӯ мухтасаран ёд карда, як байташро …

Муфассал »

БОТИНИЯ

botiniya

БОТИНИЯ (дарун, ниҳон), маҷмӯи фирқаҳои исмоилия, ки бар хилофи таълимоти зоҳирия маънои бо­тинии Қуръонро таъвил мекунад. Инсон мавҷудест ибо­рат аз рӯҳу модда ва табъан зиндагиаш низ бояд бар асо­си дуҷониба – моддӣ (ҳаёти моддию дунявӣ) ва маънавӣ (ҳаёти маънавӣ ва ҷовидонӣ) танзим гардад. Дар ҳамин асос ботиниён иддао доштанд, ки …

Муфассал »

БОТИН

botin

БОТИН (арабӣ — дарун, пинҳон, роз), истилоҳест дар фарҳанги исломӣ роҷеъ ба дорои маънои нуҳуфта ва аслӣ будани ашёву мавҷудот. Роҷеъ ба Ботин дар тасаввуф назари­яи махсус вуҷуд дорад. Орифон Ботинро хештани хеши одамӣ ва ҷаҳону инсон ва ҳама ашёву падидаҳоро дороӣ зоҳиру Ботин дониста, муътақид ба олами зоҳир ва …

Муфассал »

БОТИН

nomi-hudovand

БОТИН, ал-Ботин (арабӣ пушида ва ноаён), яке аз номҳои Худованд. Дар Қуръони карим Худованд танҳо як бор (57:3) бо ин ном ёд шудааст. Калимаи Ботин, ки ҳамроҳи Зоҳир ба шакли аз-Зоҳиру-л-Ботин ба кор меравад, ба маънои аёни ноаён ва ошкори ниҳон аст, яъне, он зоте, ки аз шиддати зуҳур пӯшида …

Муфассал »

БОТИЛ

lie-detector

БОТИЛ (арабӣ нодуруст, дурӯғ, беҳуда), истилоҳест дар фарҳанги исломӣ, ки дар муқобили ҳақ қарор дошта, барои ифодаи падидаву ашё ва умуру амалҳои нодурусту манфӣ ва ношоиставу номақбул, инчунин радду инкори онҳо ба кор бурда мешавад. Ботил ва ҳамрешаҳои он 35 бор дар Қуръон (25 бор Ботил, 5 бор «мубтилун», 2 …

Муфассал »

БОТЕВ Христо

hristo_botev

БОТЕВ Христо (тахаллус; ному насабаш Христо Ботев Петков; 6.1.1849, деҳаи Калофери Булғория (Импери­яи усмонӣ) – 1.6.1876 мақтул дар ҷанги назди кӯҳӣ Вратса), шоир, инқилобгар ва қаҳрамони миллии Булғория. То соли 1863 дар зодгоҳаш Колфер таҳсил намуд. Тирамоҳи соли 1863 дар гимназияи Одесса таҳсилро идома до­дааст. Соли 1866 аз сабаби пайвастан …

Муфассал »

БОСИТ

al-basit

БОСИТ, ал-Босит (густаранда ва паҳнкунанда), яке аз номҳои Худованд. Дар фарҳанги истилоҳоти шаръӣ Босит ҳамроҳ бо калимаи Қобиз якчо барои ифодаи қабзу баст, кашишу кушоиш ва бахшишу маҳрумият дар ҳама чизи моддӣ ва маънавӣ ба кор рафтааст. Корбасти ин маъно аз сӯи Қуръони карим дар сифоти Худованд тамоми паҳнои зиндагонии …

Муфассал »

БОРШАГОВСКИЙ Александр Михайлович

borshargovskiy

БОРШАГОВСКИЙ Александр Михайлович (14.10.1913, ноҳияи Белая Серкови Украина – 4.5.2006, Маскав), шоир, адабиётшиноси рус. Хатмкардаи Институти театршиносии Киев (1935). Фаъолияти адабиаш аз соли 1933 оғоз ёфтааст. Нахустин асари бадеии мансураш (романи таърихии «Парчами Руссия») соли 1953 ба табъ расид. Баъдан роману повестҳо, осори адабиётшиноси дар мавзӯъҳои давраи шӯравӣ нигоштааст. Муаллифи …

Муфассал »

БОРОДУЛИН Ригор Иванович

ryhor_baradulin

БОРОДУЛИН Ригор Иванович (таваллуд 24.2.1935, деҳаи Вересовкаи ноҳияи Ушачи вилояти Витебски Белоруссия), шоир ва тарчумони белорус. Нависандаи халқии Бе­лорус (1992). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Белоруссия дар муассисаҳои нашаротии «Белорус» ва «Мастаская литература» («Адабиёти бадеӣ»), г. «Советская Белоруссия» («Белоруссияи Советӣ»), маҷалаҳои «Бярозка» («Тӯс»), «Полимя» («Шуъла») кор кардааст. Узви ИН Белоруссия, узви …

Муфассал »