Маълумоти охирин

БОТИН

nomi-hudovandБОТИН, ал-Ботин (арабӣ пушида ва ноаён), яке аз номҳои Худованд. Дар Қуръони карим Худованд танҳо як бор (57:3) бо ин ном ёд шудааст. Калимаи Ботин, ки ҳамроҳи Зоҳир ба шакли аз-Зоҳиру-л-Ботин ба кор меравад, ба маънои аёни ноаён ва ошкори ниҳон аст, яъне, он зоте, ки аз шиддати зуҳур пӯшида ва ноаён мондааст. Дар фарҳанги истилоҳоти шаръӣ Худо бо нишонаҳои қудрат ва осори сунъи Хеш барои ақлҳо ош­кор ва пайдост, вале кунҳи зоти Вай аз ҳавзаи дарки башар фаротар ва аз дидаҳо пӯшида аст ва барои ифодаи ин маъно исми мураккаби Аз-зоҳиру-л-ботин ба ӯ таъоло итлоқ шудааст. Пайғамбар (с) дар ҳадисе Ботинро ба ин маъ­но тафсир кардааст: «Ва Туӣ зоҳир, ки болотар аз Ту чизе нест ва Туӣ ботин, ки поёнтар аз Ту чизе нест». Баъзе уламо зоҳир ва Ботинро ба маънои донои ошкору ниҳон ва огоҳ бар ҳама чиз донистаанд. Бухорӣ аз Яҳё ривоят ме­кунад: «Зоҳир бар ҳама чиз бо илмаш ва Ботин бар ҳама чиз бо илмаш».

Вожаи Ботин дар суннати набавӣ ҳам дар ҳадиси асмоуллоҳ – «Сунан»-и Тирмизӣ (3507), «Сунан»-и Ибни Моҷа (3861), «Мустадрак»-и Ҳоким ва «Фатҳулборӣ»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (14/468,469) зикр шудааст.

Осори созандаи номи Зоҳир ва Ботини Худованд дар ҳаёти муъмин ба сурати виҷдони имонии огоҳ, эҳсоси ҳузур ва муроқабати Ҳақ таъоло бар тамоми ҳолатҳои Ӯ ва лузуми сидқу амонат дар ошкору ниҳонаш мутаҷаллӣ ме­гардад.

А. Боқизода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …