СИСТОН вилояти таърихие дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон (дар замони қадим Дрангиана низ меномиданд). Номи Систон аз номи қабилаи сакоиҳо бармеояд. Қабилаҳои ҳиндуевропоии сакоиҳо тақрибан дар миëнаҳои асри 2 то милод аз Шимол омада, дар ин ҷо маскан гирифтанд ва ба сукунатгоҳи худ Сакистон (мамлакати сакоиҳо) ном доданд (дертар Сиистон,Систон …
Муфассал »Пиряхи ба номи Абрамов
АБРАМОВ, пирях дар ҷануби қаторкӯҳи Олой, дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон (дар саргаҳи дарёи Кук-су). Нуқтаи баландтарини пирях 4960 метр буда, нуқтаи аз ҳама пасттаринаш 3366 метр мебошад. Дарозиаш 9 километр; масоҳаташ 22,76 километри мураббаъ мебошад. Пиряхро нахустин бор соли 1896 С. П. Коржинекий тадқиқ кард. Солҳои 1933 – 34 …
Муфассал »Абр
АБР, маҳсули муаллақи конденсатсияи буғи об дар атмосфера, ки дар осмон аз сатҳи замин мушоҳида мешавад. Абр аз қатраҳои хурдтарини об ё зарраҳои ях иборат аст. Абр омили муҳими обу ҳавост, ки низоми боришоти атмосфериро муайян ме¬кунад ва ба мизони ҳарорати атмос¬фера таъсир мерасонад. Абр ба ҳисоби миёна қариб ними …
Муфассал »Вилояти СИРДАРЁ
СИРДАРЁ, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советӣ Сотсиалистти Ӯзбекистон (аз 16 феврали 1963). Масоҳаташ 5,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 506 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 30%, 9 район, 5 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Гулистон. Вилоят дар дашти Мирзочӯл воқеъ гаштааст. Набототаш асосан биёбонӣ ва нимбиёбонист. Ҳарорати миëнаи январ аз —0,3 то —20С, …
Муфассал »АБИДОС
АБИДОС (юнонии қадим; номи қадимаи маҳалли Абеҷу, номи ҳозирааш Ал-Араба-ал-Мадфуна), яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мисри Қадим, маркази бузурги динӣ (аз миёнаи асри 4 то милод). Дар соҳили ғарбии дарёии Нил воқеъ гардидааст. Абидос бо дахмаи «Гиреҳи нафас» машҳур буд, ки қибтиён ба умеди мисли худо Осирис эҳё шудан дар он …
Муфассал »СИНСЗЯН
СИНСЗЯН, Райони Автономии СинсзянуУйғур, Туркистони Шарқӣ, райони автономиест дар ҳайати Республикаи Халқии Хитой. Дар шимоли ғарби Хитой воқеъ гардида, бо СССР, Афғонистон, Ҳиндустон ва Республткаи Халқии Муғулистон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 1600 ҳазор км2. Аҳолиаш 10 миллион нафар (1976), асосан уйғурҳо, инчунин тоҷикон, қазоқҳо, қиргизҳо, муғулҳо, дунганҳо, хитоиҳо ва дигар миллатҳо. …
Муфассал »Вилояти СИНД
СИНД, вилоятест дар ҷануби шарқи Покистон. Дар ҳудуди Синд яке аз марказҳои тамаддуни Ҳиндустони Қадим (асрҳои 3—2 то милод) воқеъ буд (нигаред Моҳанҷодаро). Дар охири асри 6 то милод Синд ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил буд. Синдҳои 327—325 то милод Искандари Мақдунӣ онро забт намуд. Минбаъд ба ҳайати империяи Маврия, …
Муфассал »Шаҳри СИНГАПУР
СИНГАПУР (Singapore), пойтахти Рсспубликаи Сингапур, яке аз бандарҳои калонтарин, маркаҳи савдо ва саноати Осиёи Ҷануби Шарқӣ. Дар наздикии гул, Сингапур воқеъ аст. Аҳолиаш 1,6 миллион нафар (1984). Бандари Сингапур аз ҷиҳати муомилоти мол яке аз бандарҳои калонтарини ҷаҳон аст. Дар Сингапур корхонаҳои саноати киштисозӣ ва таъмири киштӣ, коркарди нефт, радиоэлектроника …
Муфассал »Ҷумҳурии СИНГАПУР
СИНГАПУР (Singapore), Республикаи Сингапур, давлатест дар Осиëи Ҷануби Шарқӣ. Дар канори ҷануби нимҷазираи Малакка воқеъ гашта, ҷазираи Сингапур ва ҷазираҳои хурди ҳамшафати онро дарбар мегирад. Ба ҳайати Иттиҳоди Бринтания дохил аст. Масоҳаташ 619 км3. Аҳолиаш 2529 ҳазор нафар (1984), зиëда аз 76,7% аҳолӣ хитоиҳо, 14,7% малайҳо ва 6,4% халқҳоеанд, аслу …
Муфассал »Шаҳри СИМФЕРОПОЛ
СИМФЕРОПОЛ шаҳрест дар Республикаи Советӣ Сотсиалистии Украина, маркази вилояти Қрим. Дар соҳили дарëи Салгир воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан. Узели роҳҳои шоссе. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 326 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саноаташ: хӯрокворӣ (Консерв, вино, равғани эфир, гӯшту шир, тамоку), сабук (трикотаж, матоъҳои пахтагин, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол), мошинсозӣ …
Муфассал »