Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 65)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Шаҳри ПОЛОТСК

3f67fd97162d20e6fe27748b5b372509

ПОЛОТСК, шаҳрест дар вилояти Витебски РССБ, дар соҳили дарёи Двинаи Ғарбӣ. Узели калони роҳҳои нақлиёт. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 76 ҳазор нафар (1977). Полотск маркази муҳими саноатии шимоли республика мебошад. 3аводҳои нахи шиша, маснуоти пластмассагӣ, таъмири автомобил, рехтагарии механикӣ, маснуоти оҳану бетонӣ, комб, масолеҳи бинокори, фабкаҳои мебел, дӯзандагӣ, маснуоти бадеӣ мавҷуданд. …

Муфассал »

Деҳаи ПОЛИТОТДЕЛ

ПОЛИТОТДЕЛ, деҳаест дар Совети қишлоқи Иттифоқи райони Куйбишев, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Озарбойҷон». Аз Политотдел то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 4 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1000 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа кинотеатр, фермаи говпарварӣ ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ …

Муфассал »

Ҷазираи ПОЛИНЕЗИЯ

polinezii

ПОЛИНЕЗИЯ (аз поли… ва юнонӣ nesos — ҷазира), ҷазтраҳои Уқёнусия, ки дар қисми марказии уқёнуси Ором воқеъ гаштааст. Полинезия ҷазираҳои Тонга (давлати мустақил аз 1970), ҷазираҳои Гавай (штати ИМА), ҷазираҳои Эллис, Феникс (мулки Британия), Токелау, галаҷазираҳои Кук (мулки Зеландияи Нав), Самоаи Ғарбӣ (давлати мустақил аз 1962), Самоаи Шарқӣ (мулки ИМА), …

Муфассал »

Деҳаи ПОЛИЗАК

polezak

ПОЛИЗАК, деҳаест дар совети қишлоқи ба номи М. Шогадоев, ноҳияи Тоҷикобод, Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Абдулло командир. Аз Полизак то маркази совети қишлоқи 6 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 400 нафар (1981), Тоҷикистон. Деҳа мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ, боғдорӣ ва картошкакорист. Замниҳо аз канали Полизак обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Пастии ПОЛЕСИЯ

polesia

ПОЛЕСИЯ (пастии Полесия), пастиест дар СССР, дар қисми ғарбии ҳамвории Европаи Шарқӣ. Дар ҳавзаи дарёҳои Прилят, Днепр ва Десна воқеъ гардидааст. Асосан вилоятҳои ҷанубии РССБ (Брест, Гомел ва Могилёв) — Полесияи Белорусс и я, вилоятҳои шимолии РССУ (Волин, Ровно, Житомир ва қисми шимолии вилоятҳои Киев, Черингов ва Суми) — Полесияи …

Муфассал »

«Бешаи палангон»

besha

«Бешаи палангон», «полвонтуғай»,   аввалин мамнӯъгоҳест дар республика, ки 4 ноябри 1938 бо қарори Комиссариати халқии зироати РСС Тоҷикистон бо мақсади муҳофизати ҳайвоноти нодир, комплекси табиии ба биёбони ҷануб ва поёноби дарёҳои Осиёи Миёна хос ва гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи илмӣ ташкил карда шудааст. 14 январи 1941 «Полвонтуғай» ба ихтиёри Филиали тоҷикистонии …

Муфассал »

Ҷумҳурии исломии ПОКИСТОН

flag_of_pakistan

ПОКИСТОН, Республикаи исломии  Покистон. Покистон— давлат дар Осиёи Ҷанубӣ. Дар Ҷанубу Ғарб бо Эрон, дар Ғарб ва Шимолу Ғарб бо Афғоннстон, дар Шимолу Шарқ бо Хитой, дар Шарқ бо Ҳиндустон ҳамсарҳад аст. Аз Ҷануб онро баҳри Араб иҳота кардааст. Масоҳаташ 803,9 ҳазор км2. Аҳолиаш ,85,6 млн нафар (1982). Пойтахташ шаҳри …

Муфассал »

ПОЙТАХТ

parizh

ПОЙТАХТ, шаҳри асосии давлат, маркази маъмурию сиёсии мамлакат. Пойтахт одатан, ҷои органҳои олии ҳокимияти давлатӣ, идораҳои давлатӣ, инчунин муассисаҳои олии судӣ, ҳарбӣ ва ғайраҳо мебошад. Маъмулан Пойтахт маркази иқтисодии мамлакат низ мебошад, дар баъзе мамлакатҳо маркази иқтисодӣ шаҳри дигар (масалан, маркази иқтисодии ШМА шаҳри Ню- Йорк) буда метавонад. Одатан, Пойтахт …

Муфассал »

Шаҳри ПОЗНАН

poznan-city

ПОЗНАН (Poznan), шаҳрест дар Полша, дар соҳили дарёи Варта. Маркази маъмурии воеводаи Познан. Аҳолпӯиаш 534 ҳазор нафар (1977). Яке аз марказҳои муҳимтарини иқтисодӣ ва мадании мамлакат; узели роҳҳои нақлиёт; бандари дарёӣ. Дар саноати Познан соҳаи мошинсозӣ роли муҳим мебозад ва асосан дизелҳои киштӣ, тепловоз, вагон, дастгоҳ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, подшипник, …

Муфассал »

Шаҳри ПОДОЛСК

podolsk-city

ПОДОЛСК, шаҳрест дар вилояти  Москваи РСФСР, маркази райони Подолск. Дар соҳили дарёи Пахра (шохоби дарёи Москва) воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан дар 43 км ҷанубтари Москва. Аҳолиаш 202 ҳазор нафар (1979). Подолск маркази калони саноатии вилояти Москва буда, дар он соҳаҳои гуногуни саноат тараққӣ кардааст. Дар Подолск мошинҳои дарздӯзӣ, дегҳои …

Муфассал »