ПУҒУЗЕ, деҳаест дар Совети қишлоқи Варзоб- қалъа, тобеи райони Октябри шаҳри Душанбе. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 км, то район 37 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 547 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ, магазин ва хонаҳои истироҳат дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — ҷангалпарварӣ.
Муфассал »Шаҳри ПХЕНЯН
ПХЕНЯН, пойтахти Республикаи Халқии Демократии Корея, маркази маъмурии музофоти Пхёнан-Намдо. Шаҳри калонтарин, маркази асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар соҳили дарёи Тэдонган, дар баландии 300 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Иқлимаш мӯътадил, муссонӣ; ҳарорати миёнаи июл.24°С, январ— 8,2°С; боришоти солона 922 мм. Масоҳати шаҳр қариб 200 км2. Аҳолиаш …
Муфассал »Давлати ПУЭРТО-РИКО
ПУЭРТО-РИКО (Puerto Шсо), мамлакатест дар Вест-Индия, дар ҷазираи калони Пуэрто-Рико ва ҷазмраҳои на чандон калони Векес, Кулебра, Мона ва ғайра. Мулки ИМА. Аз Шимол онро уқёнуси Атлантик, аз Ҷануби баҳри Кариб иҳота кардаанд. Масоҳаташ 8,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 3,4 млн. нафар (1981). Маркази маъмуриаш шаҳри Сан-Хуан. Пуэрто- Pико ба 7 …
Муфассал »Шаҳри ПУЭНТ-А-ПИТР
ПУЭНТ-А-ПИТР (Pointe-a-Pitre), шаҳр, маркази асосии хоҷагии ҷазираи Гваделупа (мулки Франсия) дар Вест- Индия. Бандар дар соҳили баҳри Кариб. Аҳолиаш қариб 30 ҳазор нафар (1977). Истеҳсоли қанд ривоҷ ёфтааст. Ба хориҷа қанд, ром ва меваҳои тропикӣ мебарорад.
Муфассал »ПУЭБЛА
ПУЭБЛА (Puebla), шаҳрест дар Мексика. Маркази маъмурии штати Пуэбла. Аҳолиаш 499 ҳазор нафар (1976). Узели нақлиёти роҳи оҳани ва роҳҳои автомобилгард. Пуэбла яке аз шаҳрҳои муҳими саноатӣ ва мадании мамлакат, маркази асосии саноати матоъҳои пахтагин мебошад. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзол, кулолӣ, семент, заводи васли қисмҳои автомобил низ мавҷуданд. 2 …
Муфассал »Деҳаи ПУШТИҚУРҒОН
ПУШТИҚУРҒОН, деҳаест дар Совети қишлоқи Моғиёни pайони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Пуштиқурғон то маркази Совети қишлоқи 1 км, то район 50 км; роҳ шағалпӯш. Аҳолиаш 1080 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ. Заминхо аз дарёи Моғиён обёрӣ мешаванд. Дар деҳа аз ёдгориҳои меъморӣ …
Муфассал »ПУШТАКӮҲ
ПУШТАКӮҲ, ҳамвории баланди сатҳаш тахт ё коме пасту баланд, ки аз ҳамвориҳои ноҳияҳои ҳамҳудуд бо зинаҳои ба назар намоёи ҷудо шуда меистад. Хелҳои Пуштакӯҳ: структура — аз қабатҳои ба таври уфуқӣ хобидаи ҷинсҳои кӯҳӣ таркиб ёфтааст; вулқонӣ — пастию баландиҳои релефи қадима, ки бо лава пахш шудаанд; денудатсион ӣ — …
Муфассал »ПУШТАКӮҲИ ПИРЯХИИ ПОМИР
ПУШТАКӮҲИ ПИРЯХИИ ПОМИР, объекти нодири географист, ки дар нишебии шимолии қисми шарқии қаторқӯҳи Пётри Якум, дар баландиҳои 5600—6000 м воқеъ Тӯлаш 10,5 км, бараш аз 0,5 то 3,0 км. Масоҳати қисми тахту ҳамвораш қариб 20,9 км2. Ғафсии барфу ях аз 40 то 300 м. Сарфи солонаи барфу ях (асосан ба …
Муфассал »ПУШТА
ПУШТА, ниг. Теппа.
Муфассал »Деҳаи ПУШКИН
ПУШКИН, деҳаест дар Совети қишлоқи Қаҳрамони pайони Москва, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «Правда». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқи 9 км, то район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2247 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа клуб, 2 китобхона, касалхона, устохонаҳои дуредгарию оҳангарӣ, ҳаммом, нонвойхона ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ …
Муфассал »